Машғулиятҳои амалӣ дар истеҳсолот

Тибқи супоришоти ВМ ва ИҶ Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани раванди таълимот ва вобаста бо ҷадвали дарсӣ машғулиятҳои амалии фаннҳои тахассусӣ дар филиалҳои назди корхонахои сохавии кафедра мунтазам гузаронида мешавад.

Дарси навбатии амалӣ-таҷрибавии донишҷўёни бахши 2-юми ихтисоси 360101 -технологияи мошинсозӣ ва ихтисоси 361001 -тачҳизот ва мошинахои саноати кўҳӣ дар корхонаи фаръии мошинсозии ш.Бўстон санаи 17.02.2022сол баргузор гардид. Таҳти роҳбарии, мудири кафедраи Таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ   дотсент Қобилов В А ва муаллими калони кафедра Ҳоҷибоев Д Д донишҷўёни гурўҳҳо ҷиҳати мукаммалнамоии донишҳои назариявии худ бо рафти технологии омодасозиҳои ҷузъиётҳо истифодабарии масолеҳхои конструксионӣ аз наздик шинос гардиданд. Ҳангоми ин машғулиятҳо дар сехҳои истеҳсолии механикӣ-васлнамоӣ, механикӣ, рехтагарӣ, сехҳои омодасозии зарфҳои пластикӣ донишҷўён бо равандҳои истеҳсолӣ шинос гардиданд. Умуман дар тўли се соат донишҷўён бо таҷҳизот ва чиҳозҳои технологӣ шинос ва тарзи истифодабариро омўхтанд.Дар сехи рехтагари тарзҳои омодасозии қолибҳои рехтагарӣ ва омодасозии маводҳои қолибсозӣ, усулҳои истифодаи системаҳои резиш ва тайёр кардани ҷузъиётро аз хўлаҳои чўян ва пўлод ва масолеҳхои пластикиро аз худ намуданд.Машғулияти навбати аз бисьёр ҷиҳат барои донишҷўён хотирмон боқӣ монд.