Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳайати кормандону омӯзгорон дар маҷлисгоҳи калон мулоқот намуда, нахуст аҳли нишастро ба Рӯзи модарон табрику таҳният гуфт.
Сипас, роҷеъ ба масъалаи ҷалби довталабон ба донишкада, тарғибу ташвиқи ихтисосҳои донишкада, бурдани корҳои тарғиботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ сухан ронда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид карда шуд, ки тарғибу ташвиқи ихтисосҳои донишкада аз ҳамин рӯз боз ҳам ҷиддитар ба роҳ монда шавад.