МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИЛМ БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар доираи нақшаи тадбирҳо ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон санаи 10-ноябр конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди илм дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ” баргузор гардид.

 Нахуст ректори донишкада, дотсент Фозилзода М. оид ба рушди илм ҳарф  зада меҳмононро хайра мақдам гуфт. Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷиқистон дар шаҳри Исфара аҳли илм ба сухан баромада, муҳим будан конфронси мазкур ва нақши бароз доштани рушди илмро баён доштанд.

Ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни конфронс 40 маърузаи илмӣ пешниҳод гардид.