МАСЪАЛАҲОИ МАРЗӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Ҳарчанд чанд рӯз боз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати бисёр ҳам тарсу ваҳм ва ё худ худинзиво қарор дорад, аммо ба ҳар ҳол масъалаҳои марбут ба иҷтимоиёт ва амнияти сокинону сарҳад ҳанӯз дар ҳолати пешрафт қарор доранд.

Бо гузаште аз ҷангҷолҳову хархашаҳои марзӣ ва ҳоло масалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оҳиста-оҳиста роҳҳои ҳалли худро ёфтаистодааст, ки ин ҳам умеди нек аз ҳамсоядориву равобити дутарафаи мардумони минтақа мебошад.

Албатта байни мардум то ҳанӯз гуфтумонҳои ҳалношудаву беҷавоб ва муносибати нодурусти марзбонони қирғиз боқӣ мондааст, лек масъалаҳои марзӣ ба таври куллӣ ҳалли худро ёфтаистодааст, ки ин ҳолат мардумони ҳарду тарафро хушнуд гардонидааст.

Мардумони ҳарду минтақа умедвори хотимаи низоъ ва дӯстиву равфтуомади бародарона ҳастанд ва ин ки имрӯзҳо масъалаи марзӣ сар зад, хеле нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад ва хушбахтона, ки ин рӯзҳо мардуми қирғиз иштибоҳи худро дарк намуд ва масъалаи марзӣ ба роҳи дурусти худ рафтаистодааст, ки ин ҳам нишонаи нек ё худ фоли нек дар муносибати мардуми ҳаммарз ва ё худ ҳамсоя мебошад.

Аз қадим миллати тоҷик, миллати фарҳангиву фарҳангдӯстор ва соҳибтамаддуну соҳибдавлат буд ва қариб ними заминҳои қора ба тоҷикон тааллуқ дошт, ки ин сарвати гарони ин миллат буд ва бо саховатмандиву дилсӯзӣ тоҷикон ба бисёре аз қавмҳо замин доданд ва бисёре аз қавмҳо давлат сохтанд ё худ мухторият доданд, то зиндагии инсонвор дошта бошанд, ки ин дар ҳуҷҷатҳои таърихи дақиқ оварда шудааст.

Чизи дигаре, ки ин ҷо матраҳ мегардад ин надонистани ҳамин некиву саховатмандиву хизмати миллати тоҷик мебошад, ки баъзен инсонро нигарон менамояд, вале хушбахтона баъзе мухотабон аллакай ин ҳолатро дарк намуданд ва ба оромиву фарҳанги муошират кор бурдаистодаанд, ки ин хеле хуб аст.

Мардумони ҳаммарзи ин ду минтақа бо ҳамдигар одат кардаанд ва ҳарчанд аз нигоҳи ҷойбаҷогузории гуманитарӣ бингарем, фарқият аз як миллат то қавм хеле зиёд аст, лек ҳанӯз мардуми тоҷик хоксориро пеша намуда, ба мардумони қирғизтабор рафту омад ва доду гирифти ҳамсоягӣ доранд, ки намешавад ин ҳолатро ба тарзи дигар баён сохт.

Мо, умедворӣ беҳтар шудани вазъ ва масоили марзӣ дар ҳарду минтақа ҳастем ва ин ки ҳоло маъалаҳои марзӣ беҳтар шудаистодааст ин ҳам хуб аст ва умеде барои муносибати нек ҳанӯз боқист.

Н. Саидов

омӯзгори ДКМТ