Имрӯз Маҳмадсаид Шоҳиён ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ташриф оварда фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо медали “Хизмати шоиста” шарафёб гардидани муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов Замониддин Зайниддинович қироат намуда, ҳамчун намояндаи Ҳукумат бо тантана медалро ба устод супориданд.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ва дигарон дар ҳузури ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор Муродалӣ ширкат варзида суханронӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамзамон устоди дигари ҳамин донишкада Олимов А.А. низ дар ҳамин шабу рӯз бо медали “Хизмати шоиста” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардиданд.
Мо, аҳли ҳайати кормандони шуъба ва дигар омӯзгорни донишкада устодони мазкурро барои шарафёб гардиданашон ба чунин қадрдонии воло самимона табрик менамоем.
Шуъбаи иттилоот