Имрӯз бо ибтикори Донишкадаи Конфутсий, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият мекунад бо Донишкадаи Ланҷоу ҷиҳати тақвияти корҳои омодасозии мутахассисони соҳаи заргарӣ муколамаи маҷозӣ доштем ва ба чунин натиҷа расидем:
– то ҳашт нафар донишҷӯён ва ду нафар устодон барои такмили ихтисос ва корҳои омӯзишӣ ба муддати то як семестр ба ин донишкада фиристода мешаванд. Роҳкироро Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пардохт мекунад, дигар хароҷотҳои буду бошро Донишкадаи Ланҷоу;
– лабораторияи кори заргарӣ бо номи “Дастони заррин” дар донишкада бо дастгирии молиявии Донишкадаи Ланҷоу сохта мешавад;
-моҳи сентябр ду устод яке оид ба кори заргарӣ ва дигаре оид ба сангшиносӣ аз Донишкадаи Ланҷоу ба донишкадаи мо омада дарс хоҳанд дод;
– аз тарафи устодони Донишкадаи Ланҷоу барномаи моделсозии ҷавоҳирот бо номи Rhinoceros 3d ба донишҷӯён ва устодони донишкада омӯзиш дода мешавад;
– барномаи таълимии кори заргарии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз тарафи мутахассисони Донишкадаи Ланҷоу бо назардошти талаботҳои охирини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав сохта баромада мешавад.
Манбаъ: аз саҳифаи фейсбукии Насриддинов Замониддин