МАРДУМ ДАР ФИКРИ ОЯНДАИ НАСЛИ НАВРАС САЛИМПУР БОШАД ДАР ФИКРИ ОЯНДАИ ҶАЙБАШ

Қабл аз оне, ки дар бораи ин ё он мавод ва ё ҳодисаву падида мақола нависем бештар ба ҷанбаи некияш фикр мекунем ва ҳатман оқибаташро меандешем, ки ин навиштаи мо боз ба касе таъсири манфӣ нарасонад. Лек ҳоло доираи журналистика дигар гардидаву ҳадафҳои бузурги ин мактаби журналистика ҳам тағйир ёфтааст. Бубинед дар чанд соли охир чандин афроди аз фарҳангу маънавиёт дур худро ӣжурналист ҳисобиданду ҳатто аз номи ин пешаи пуршараф гап мезадгӣ шудаанд, аммо дар асл бошад чанд авбоше ҳастанд, ки барои шикаму ҷайби хеш медаванду ва аз сабаби беистеъдодиву бемаърифатӣ  ҳар рӯз як жарнри нави журналистикаро кишф менамоянд.

Аслан ин амал замоне сар зад, ки аксарияти рӯзноманигорони тарафдори ТЭТ ҲНИ аз воқеияти ин ҳизби террористӣ огоҳ шуданд ва аз он рӯ гардониданд. Ва раёсати ин ҳизби террористӣ маҷбур шуд, ки чанд тан аз авбошони тарбиянамудаи худро ҳамчун журналист ба ҷомеа муаррифӣ кунад ва ҳамин корро ҳам кард дар рӯзҳои “мабодо” ғуломи ҳалқабаргӯш бошанд. 

Яке аз чунин журналистони беҳунару беистеъдод ва ғуломи ҳалқабаргӯши Кабирӣ ин Мирзои Салимпул мебошад, ки ба хотири ду сум пул ҳамин пешаи пуршарафи рӯзноманигориро зери по кард ва дар хидмати наҳзатиёни палид  сари зону истод. Ин Мирзои беҳунар ва беистеъдод шояд хонанда бипурсад, ки чаро беистеъдод? Ба он хотир, ки ин рӯзноманигори “донишманду” бисёр ҳам “ соҳибэҳтиром”-ро, ки сари муборакашон аз каблуки кабирӣ ҳам поинтар меистад аз Радиои Озодӣ ба хотири ноуҳдабароиву беҳунариву беистеъдодияшон зада пеш карданд.

Ва ин алами бузург ин наҳзатии дар ниқоб демократро ором нагузошту ӯ дар олами журналистика як инқилоб кард. Яъне инқилоби эҷодии бисёр ҳам “пурарзиш” дар баъзе ҷойҳо “ахлот, ком” ҳам ном мебаранд ва то ҷое 100 дар сад воқеият дорад.

Мирзои салимпули пулмаст ва бесаводу як ҳаёт аз пушти мардум нонхӯрда, тавре ки дар боло гуфтем,  жанри нави худашро эҷод карда баромад, ки дар асл қолаби  “репортаж аз каҳдон”-ро мемонад. Аммо мутахассисон ба хотири наранҷидани ин журналисти бисёр ҳам “соҳибистеъдод” ( барои ин дар нохунак гирифта шуд, ки мирзои салимпул воқеан ҳам ягон зарра истеъдод надорад ва як хори ин олам аст), минбари бонуфузашро айнан “ахлот”. ком ном гузоштаанд, ки сад дар сад воқеият дорад. Зеро аз рӯйи қолаби эҷодии Мирзои Салимпул ягон матлаб дуруст ва бехато нашр намегардад ва ҳамаи маводҳои нашргардида ба ягон мақсадҳои нопоки ифротгароӣ  равона карда шудаанд, ки аслан хоси журналистика нест.

Сониян Мирзои Салимпул умуман аз касбияти журналистика огоҳ нест, рукнҳо ва қоидаҳову усулҳои рӯзноманигорӣ бошад барои ин хоини бадбахт суханони кабирии палид мебошад ва ҳамаи маводҳояш бо нияти тарғиби фаҳшу фуҷур ва куштору одамрабоӣ  ба нашр расонида мешавад. Аслан ин сарсахт душмани миллати тоҷик буда, барои хоҷагони хориҷияш хизмат мекунад ва аз ҳамин ҳисоб аз Радиои Озодӣ пеш карда шуд, то одаму одамгариро омӯзад. Аммо ба ҷойи ин боз як майдони ифротгароиро боз намуд, ки ғояҳои зиддимиллиро дар он ҷой медиҳад.

Аз ҳамин хотир Мирзои Салимпулро, ки ба хотири пул виҷдону ҳастии худро фурӯхтааст, лозим меояд, ки барои гуноҳҳои бузургаш ва хиёнатҳои рӯиросташ ба миллат аз шаҳрвандони кишвар ва тоҷикони ҷаҳон узр бипурсад ва тарки ин хиёнтакориву разолат кунад.

Ҳар фарди солимфирк бояд дар фикри беҳбудии  ояндаи насли фардо бошад, аммо Мирзои пулпарасту хиёнатпеша бошад, барои ояндаи ҷайби худ фикр мекунад ва дар гумроҳ сохтани насли наврас талош меварзад, ки хиёнати бузург аст.

Парвизи Машҳур

омӯзгори ДКМТ