Мусаллам аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як марҳилаи нав қадам мегузорад, ки пешрафи илму технология имрӯз шароити сокинонро беҳтару хубтар гардонидааст ва насли кунуниро насли нав ва бархӯрдор аз технологияҳои иттилоотӣ ном мебаранд. Вале бо ин ҳама пешрафт ва тараққиёт ҳоло ҳам мушоҳида мешавад, ки сокинони сайёра он қадар зиракии пухтаи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дар шинохти хатарҳои беруниро надоранд. Мисоли равшани ин гуфтаро метавон дар ҳодисаҳои солҳои охири Украина ба хубӣ мушоҳида намуд, ки бо барномарезии хориҷиён кишвари худро пора-пора намуданд, як кишвари ободу пешрафтаро аз лиҳози иқтисодӣ имрӯз мутеъ ба абарқудратҳо гардониданд, ки шояд ба ин хатои худ укроинҳо дертар сарфаҳм бираванд.
Ҳоло иҷрои чунин сенарияро дар дасти белорусҳо мебинем, ки имрӯз кишвари Белорусияро сокинонаш ноором дидан мехоҳанд ва ҳатто даст ба эътирозҳои оммавӣ задаанд, ки ба ҷуз зиён аз ин кор дигар чизе нест. Зеро дар чанд соли соҳибистиқлоли Белорусия хеле рушд намудаву кунун ба як кишвари соҳибтараққӣ мубаддал гардида буд, ки боз абарқудратҳо нияти барбод додани ин ҳама пешрафтҳоро намудаанд. Он чӣ имрӯз дар Белорусия мегузарад, як иштибоҳи бузурги белорусҳо мебошаду халос. Чунки дар ягон кишвари дунё эътирозгарон ба мақсуд нарасидаанду фақат зиён ба иқтисодиёту сатҳи иҷтимоӣ овардаанд. Дур намеравем, бубинед Украина бо ҳамин қадар имконияташ имрӯз ба чӣ ҳол афтод?
Магар ҳамин ҳоли кишвари Украина, ки бо дасти аҷнабиён ба чунин рӯз афтод, барои белорусҳо дарс намешавад?
Ҳоло сокинони шаҳри Минск ва дигар атрофи Беллорусия бехабар аз бозиҳои сиёсии қутратхоҳон ба майдон рехтаанд, ки ҳатман рӯзе барои ин амали худ пушаймон хоҳанд шуд. Зеро он талабот ва он дархосте, ки имрӯз сокинон доранд, масъалаи умумимиллӣ нест ва онро метавон дар доираи идораву корхона ҳаллу фасл кард ва зарурат ба майдоншиниву эътирозҳои оммавӣ нест. Лек он амале, ки имрӯз беллорусҳо анҷом медиҳанд, хатои маҳз мебошад ва хатари бениҳоят бузург дорад.
Агар беллорусҳо бо ин амалашон хотима надиҳанд, ин аллакай тақдири худро ба дасти бегонагон супурданро мемонад, ки ин бисёр ҳам иштибоҳи таърихӣ мебошад ва ҳатман мардуми Белорусро тақдири Маливу дигар кишварҳои фақир интизор аст. Он вақт шояд барои як бурда нон беллорусҳо ба эътирози оммавӣ пардозанд, лек дигар дер мешавад. Бояд аз имрӯз ғами фардоро хӯрд ва ба иштибоҳ роҳ надод. Иштибоҳи имрӯзи беллорусҳо барои ояндагонашон ҳамчун хатои бузурги таърихӣ шинохта хоҳад шуд. Беллорусҳо бояд, аз тақдири Украина дарс бигиранд.
Азизов Қ
омӯзгори ДКМТ