Вобаста ба вазъи баамаломада дар ҷаҳон албатта тамоми сокинони сайёра имрӯз дар ҳолати тарсу ваҳм ва як навъ яъс қарор доранд, ки ин ҳама аз ҳангомаи сарзадани пандемияи КОВИД-2019 ба вуҷуд омадааст. Аммо хушбахтона дар қатори аксари кишварҳое, ки ба ин навъи вируси КОВИД-2019 сокинонаш олуда шудаанд, Тоҷикистон нест ва ин ҳам як навъ хушбахтии миллат аст. Лек ҳастанд гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва манфиатхоҳ, ки ба хотири ба даст овардани мақсадҳои худ аз ҳар роҳ истифода мекунанд ва ҳар гуна овозаву хабарҳои беасосро нашр менамоянд, ки ин боиси нороҳативу парешонхотирии ҷомеа мегардад.
Ба наздики сомонаи расмии радиои “Озодӣ” хабареро нашр намуд, ки дар он гӯё як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз олудашавӣ ба ин навъи вируси КОВИД -2019 ба ҳалокат расида бошад. Аммо тибқи Баёнияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳама овозаву хабарҳои бардурӯғе, ки дар сомонаи радиои “Озодӣ” ба нашр расидааст, дурӯғ буда, хушбахтона дар кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба ин пандемияи навъи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст, ки ин ҳолат худ аз набудани ин пандемияи КОВИД-2019 ё худ ҳамон вируси тоҷдор дар ҳудуди ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Аз ҷумла дар дар Баёнияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омадааст: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, чунин иттилоъ медиҳад.
Пеш аз ҳама, иттилоъ медиҳем, ки тибқи маълумоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.”
Ҳамзамон дар баёнияи мазкур вобаста ба овозаҳо дар вилояти Суғд ишора шудааст ва гузориши табобон низ роҷеъ ба ин мавзӯъ шунида шудааст, ки бардурӯғ будани хабару овозаҳоро исбот менамояд.
Аз ҷумла дар баёния гуфта мешавад, ки “аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, дар ҳақиқат, фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, қаблан, пеш фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуда ва натиҷаи он манфӣ баромадааст. Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.”
Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинони кишвар тақозо мешавад, ки ҷиҳати ба тарсу ваҳмак гирифтор нашудан ва ба таҳлука наафтодан пеш аз хондану шунидани ин ё он хабару овозаҳо ба саҳеҳияти он диққат диҳанд, зеро ҳастанд афроде, ки бардурӯғ овоза паҳн менамоянд ва дар натиҷа мардуми ба таҳлука меафтанд. Ҳоло дар кишвар хушбахтона ягон ҳолати мубталошавӣ ба вируси тоҷдор ё худ мандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва албатта ин ба бахтии баланди миллати тоҷик аст.
Н. Саидов
омӯзгори ДКМТ