МАРДИ БЕМАЪНӢ НАДОРАД АЗ ХИҶОЛАТ ҲЕҶ БОК Дар ҳошияи “БА НОМАРДИҲОИ МАРДОН МАН ЧӢ ГӮЯМ? ИЗҲОРОТИ РАСМИИ САРДАБИРИ “АХБОР””

     Соли 1992 байни ду майдони пойтахт ки яке Озодӣ ном дошту дигаре Шаҳидон ҷавоне қалам ба даст мегашт ва ҳафтаи дигар “Таблис” ном мақоларо дар “Чароғи рӯз” ба нашр расонид ва имзое гузошт Мирзои Салимпур.  Чун матбуоти озод зиёд буду андешаҳо гуногун ба он навишта касе эътибор надод.

     Дертар аз моҷарои дохилии радиои “Озодӣ” дур шуда даст ба таъсиси сомонаи “Ахбор” зад Мирзои Салимпур. Ва ин минбар барои нолаи дардмандон гуё адои хизмат мекард. Аммо гаҳе сенсатсияро ба дараҷаи ифрот мерасонад Мирзо.

     Хуб, аз ин изҳорот чӣ мехоҳад Мирзои Салимпур? Вай изҳор медорад, ки “Танҳо дар як гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки ба минбари асосии “фермаи ҷавоб” табдил ёфтааст, дар тӯли фақат як моҳи охир беш аз 200 мақолаву аксҳои пур аз туҳмат ва дашномҳои фаҳш ба зидди “Ахбор” ва шахсан худи ман нашр шудаанд.”

    Вокуниш нишон додан ба ин ё он ҳодиса падидаҳои  матбуот ва расонаҳо мебошад. Инро худи Мирзо Салимпур медонад. Имруза донишҷуёни зирак намехоҳанд думболи хоҷаҳои хориҷӣ бишаванд. Аз ин хотир дастаҳои таблиғотӣ ташкил намуда, тавассути расонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мушт ба даҳони Салимпул барин қаламкашони гурезпо мешаванд, ки дур аз Ватан санги маломат ҳаво медиҳанд.

    Адабиёти ниёгони мо саросар панд аст. Байти зеринро бубинед:

Марди бемаънӣ надорад, аз хиҷолат ҳеҷ бок,

Сурати деворро бим аз шикасти ранг нест,

Ҳар кӣ бошад худнамо, охир намеояд ба кор,

Нохуни шери аламтез аз барои ҷанг нест.

Баски дар олам нишоне аз сухангуён намонд,

Тӯтие дар гулшани оина ғайр аз занг нест.

 

Тӯтивор такрор кардани Мирзои Салимпур аз ҳарзагӯӣ беш нест ва ниҳоят шахси бемаънӣ воқеан ҳам тиҳӣ аз хиҷолат гардида дар мамлакати бегона бебокона гом мениҳаду дар хумори Ватан ҳазён мехонад.

 

Қурбонҷон Азизов,

сардори шуъбаи тарбияи ДКМТ,

роҳбари гуруҳи таҳлилию иттилоотӣ