МАНФУРИЯТИ КАБИРИИ ПАЛИД ВА НАҲЗАТИЁНИ МАЛЪУН

Ҳамагон хуб медонанд, ки дар чанд соли охир фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шуда, аъзоёни ин ташкилоти террористӣ бо сармоягузориву сарпарастии молиявии хоҷагони хориҷияшон дар хориҷ аз кишвар шароити корӣ ва зиндагӣ барои худ муҳайё намуда, бар зидди миллати тоҷик мубориза мебаранд.

Чуноне, ки маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба манфиати хоҷагони хориҷияшон минҷумла хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият бурда, бештар аз мақсадҳои ғаразноку нопоки душманони миллати тоҷик ҳимоят менамоянд ва ин дар рафтори ҳаррӯзаашон бараъло ҳувайдо мегардад.

Албатта ҳамаи инро роҳбари манфури ТТЭ ҲНИ Кабирии палид роҳандозӣ намуда, ҳамкорияшро бо хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон тақвият бахшида, барои амали намудани мақсадҳои нопок ва тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ аз ин кишвари инсонситез ва душмани башарият маблағҳои ҳангуфте дарёфт кардааст.

Ҳамчунин барои хиёнатҳои кардааш ва амалҳои террористии содирнамудаашро пинҳон доштан ва насли наврасро гумроҳ сохтан қолаби гумроҳсозияшро Кабирии манфур тағйир дода, ба ҷойи ТТЭ ҲНИ ТТЭ ПМТ-ро таъсис дод, ки акнун дар ин самт Кабирии палид на ҳамчун исломгаро, балки ҳамчун ходими намоёни ҷомеа демократӣ худро муаррифӣ мекунад ва аз ислом гоҳо ҳарфе ҳам намезанад.

Яъне ТТЭ ПМТ-ро ҳамчун ниқоби нави наҳзатиёни террорист ва Кабирии палид шинохтан мумкин аст ва аслан ҳам барои пӯшонидани гуноҳҳову ҷиноятҳо ва пинҳон доштани фаъолияти хоинияш Кабирии манфур ин созмони террористиро таъсис додааст.

Ва агар ҳамчун инсони оддӣ баҳо диҳем ин амали наҳзатиёни мушрик ва Кабирии террористро ин ба ҳамон зани фоҳишае монанд аст, ки пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш ба хотири гарм намудани дили шавҳари дигар нақш бозӣ мекунад.

Ҳайҳот, ки Кабирии шайтону шағолсифат ин ҳама хислатҳои пасти инсониро ба худ ҷой дода, мехоҳад бо ин амалаш маблағ аз хоҷагони хориҷияш  ба даст орад.  Ин ҳам як тарафи масъала буда, ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки пас он ниқоби қаблӣ дигар лозим нест?

Бояд ба хонанда шарҳ диҳам, ки  қаблан наҳзатиёни террорист, аниқтараш террористон дар ниқоби ҳомиёни дину мазҳаб худро муаррифӣ карда, солҳои 90-уми асри гузашта, як маротиба мардумро гумроҳ намуда, кишварро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ намуданд ва балоҳои зиёде ба сари миллат оварданд ва ҳоло бошад, ҳамин малъунон ва кӯрдилони наҳзатӣ дар ниқоби нав ва ё худ ба таъбири дигар фоҳишазан дар шеваи нави фоҳишагӣ мехоҳад худро муаррифӣ созад.

Чаро ин ҷо ибораи фоҳишазан истифода шуд?

Зеро ин рафтору гуфтор ва фаъолияти роҳбари террористони наҳзатирро дигар хел баҳо додан нашояд ва айни ҳамин фоҳишазан аст. Фоҳишазан мақсадаш яктост аз роҳи танфурӯши ба даст овардани маблағ аст ва ӯ дар ин самт садҳо нақшро мебозад ва ба ҳазор навъ худро муаррифӣ мекунад, то як муштариро ба худ ҷалб созад.  Чунки ин зан як мақсад дорад ва ин ҳам бо ҳам коми дил ба даст ораду ҳам маблағ аз ин ҳисоб. Барои фоҳишазан иффат ва арзиши инсонӣ аҳамияте надорад ва ӯ ҳаргиз барои ин қодир нест, ки арзишҳои маънавию ахлоқиро риоя кунад. Кабирии палиду кӯрботин ҳам айнан ҳолати ҳамин зани фоҳишаро  мемонад, ки барои ба даст овардани маблағ  аз ҳамаи арзишҳо гузар кардааст ва ҳатто номуси мардии худро ҳам фидои ғуломтабиативу ғояҳои террористии хоҷагони хориҷияш сохтааст, ки ин хилофи ҳама гуна арзишҳои инсонӣ  ва ахлоқӣ мебошад.

Аслан шаҳрвандони кишвар симои манфуру террористонаи Кабирии палидро хуб шинохтаанд ва хуб ҳам медонанд, ки ин беномус, шайтонсифат, рӯбоҳмиҷози Кабирӣ, пири террористони наҳзат душмани рақами 1-и миллат мебошад ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин авбош ба мақсадҳои нопоки худ бирасад.

Зеро ҳама хуб медонанд, ки ин наҳзатиёни лаин як мақсаду як маром доранд ва ин ҳам бошад паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва табдил додани кишвар ба ҳолати солҳои 90-уми асри гузашта, ки миллати тоҷик ин хиёнати наҳзатиёни палидро ҳазорсолаҳо фаромӯш нахоҳад кард.

Ҳамин тағйиротҳо дар сохтор ва барномаи наҳзатиёни палид худ аз манфурияту бадсириштии ин наҳзатиёни палид шаҳодат медиҳад ва дар саргаҳи ҳамаи ин ноадолативу фаъолиятҳои хоинонаи наҳзатиёни террорист Кабирии манфуру малъун меистад.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ