МАЗҲАКА ДАР ТЕҲРОНИ МАХУФ Ё ЧАРО ДУШМАНОН ХУД ЭЪТИРОФ КАРДАНД, КИ ПУШТИБОНИ ТЕРРОРИСТОНАНД?!

Шояд барои мухолифоне, ки аз кишвари Эрон сармоягузорӣ мешаванд, мақом ва мартабаи давлати миллӣ ҳеҷ аҳамияте надошта бошад, аммо барои як шаҳрванди ватандӯст ва хештаншинос бояд, ки обрӯву мақом ва мартабаи давлати миллӣ масъалаи рақами 1 бошад.

Агар имрӯз мо натавонем аз ҳуқуқҳоямон истифода намуда, душманони миллат ва давлати тоҷиконро маҳв созем, фардо шояд, ки дер шавад!

Бо нашри хабари даъвати сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон даҳони обгирифтаи хоинони миллат яку якбора кушода шуду мисли сагони хиёбонӣ ба “ав-ав” даромаданд, ки аз дидани ин ҳодиса шарми инсон меояд. Он ҷо шояд даъват бар пояи кадом масъалаи дигар аст, лек расонаҳои эрондӯст ва ё аз ин давлати диктотурии ба ном исломӣ  аз ин ҳол хурсанд шуданд ва талош намуданд, бо ҳамин баҳона санг бар ҷониби давлату миллати тоҷик бизананд, ки бисёр ҳам амали нангин ва хоинона мебошад.

Ин ҷо баҳс бисёр ҳам аҷиб аст ва душманони миллати тоҷик мехоҳанд, ки ҳақиқат пинҳон бимонаду миллат аз он огоҳӣ наёбад. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз кадом давлат ё кишвар дар он ёд намешавад аз паҳлӯҳои фаъолияти пинҳонӣ ва сиёҳу душманонаи наҳзатиён қисса мекунад ва ҳақиқати ҳолро аз забони шоҳидон баён менамояд, ки дар он ягон ҷойи шакку шубҳа боқӣ намемонад. Лек аз ин чиз нороҳат шудани кишвари ба ном исломӣ ва дар асл диктотурии Эрон аз барои чист?

Яъне, ин ҷо ҳақиқат аз забони шоҳидон ва иҷрокунандаҳои фармони наҳзатиён оварда шудааст, ки муаллифон аз кадом кишваре ном намебаранд ва фақат худи гунаҳкорон ва ҷинояткорону сармоягузорони хориҷӣ аз худ гумон бурдаанд. Пас дар ин ҷо Эрон ҳам гунаҳкор будааст, ки худро дар ин миён андохтааст?

Шеваи муносибати мақомдорони Эрони диктотурӣ ба ҳамон гунаест, ки худ ҳақиқати даст доштанашон дар амалҳои террористии наҳзатиёнро исбот менамояд. Ин шакли муносибати кишвари Эрон онро бозгӯ менамояд, ки ТТЭ ҲНИ як лоиҳаи комилан террористии  ин давлат мебошад.

Бигзарем, агар дар ҳақиқат Эрон ва мақомоти истихборотии Эрон дар Тоҷикистон нақшаҳои решасӯзии миллатро намекашид, пас чаро бо фармони намояндаи онҳо М. Осимӣ ва чандин равшанфикрони дигари тоҷик ба қатл расонида шуданд?

Агар наҳзатиён бо роҳнамоӣ ва супориши хоҷагони хориҷияшон амал намекарданд, пас роҳҳи бочказиндон кардани афроди бегуноҳ аз куҷо пайдо шуд?

Ҳамагон медонанд, ки дар кишвари диктортурӣ ва инсонбадбинонаи Эрон ба қатл расонидани инсон бо шеваҳои мухталиф сурат мегирад ва бочказиндон кардан ҳам мероси ҳамонҳост ва боз чаро далел биҷӯем?!

Ҳоло даъвати сафир аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Эрон  ва изҳори ҳамҷавории онон набояд аз шикояти филми “Хиёнат” бошад, балки бояд бо шеваи олӣ ва роҳи узрхоҳии баланд аз ҷониби эрониҳо сурат бипазирад.  Яъне мақомдонори эронӣ бояд аз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шеваи баланди дипломатӣ маъзарат мехостанд ва мешармиданду аз амалҳои террористии содиркардаашон изҳори пушаймонӣ кард, аммо ин ҷо рафтори дигар сурат гирифтааст, ки мазҳакаро мемонад.

Ҳамчунин, пас аз нашри ин хабар наҳзатиён, яъне ҳамон террористон ва муздурону хоинони наҳзатӣ, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон сармоягузорӣ ва идора мешаванд ( хоҷагони хориҷӣ худашон иддао карданду даст доштани худро дар амалҳои террористии аъзо ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ исбот намуданд) хеле хурсанд шуда, ба таърифи ин кишвари ба ном исломӣ  пардохтанд, ки тору пуд ва кӣ буданашонро  боз ҳам маълум карданд, ки дигар ягон ҷойи шакку шубҳа бар муздур ва ғулом буданашон боқӣ намонд. Бо ин ҳол наҳзатиён бори дигар исбот намуданд, ки душмани миллати тоҷик ва тоҷикистониён ҳастанду соҳиби давлати миллӣ будани моро намехоҳанд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ