МАЗО МО МАЗО

“Гузашт он чи гузашт”.

Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадор ва бонуфузро бишкаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод.

На он истеъфоҳои пуркарашма ва барои худнамоӣ, ки соли гузашта дар чанд маҷлиси раёсати наҳзат аз забони ӯ садо дода буд. Ӯ дигар куҷо хоҳад ёфт ин биҳиштро? Пули бедардимиён, лаббайкзании тамаллуқпешагон, саногӯии косалесон, таъзими соддадилон, рағбати бонувон. Ин ҳам навъе аз гирифторӣ ва мӯътодист. 
“Зиракӣ”-и сиёсии пешвои наврустаи исломиёни тоҷик дар остони хонадонаш анҷом ёфт. Бале, Кабирӣ замоне писархонди ҳукумат буд. Бештар ӯ мудири бахши кор бо созмонҳои диниро дар дастгоҳи президент ба ёд меовард. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки пайваста ба Кумитаи амнияти миллӣ ҳисобот медод, ки “ҳарорат”-и мазҳабиён чанд аст ва “набз”-ашон чӣ тавр метапад. 
Аз корхонаи истеҳсоли коғази ташноб (туалетная бумага) то бозори сердаромадтарини шаҳри Турсунзода, ки ба номи завҷааш номнавис гашта буд, аз фирмаҳои сохтмон то пули бедардимиёни кишварҳо ва шахсони алоҳида ҷавони музофотиро бе бода маст карда буданд. На аз ҳуқуқи инсон мегуфту на аз маҳбусони сиёсӣ. То замоне пеши роҳи худаш боз буд, на парвои бастани масҷидҳо дошт, на парвои дар кадом тангно афтодани мардуми диндор.

Хидмати шоёни дигар ва “зиракӣ”-и сиёсии ӯ бадном ё аз саҳна бурун андохтани ҳизбҳо ва шахсиятҳои дигар буд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Раҳматулло Зоиров низ қурбонии бозиҳои пасипардагии ин зираки аз андоза гузаро гардида буданд. Кабирӣ аз Душанбе истода ба ман, Каромат Шарипов, Умаралӣ Қувватов низ санг мепартофт. 
Чаро? 
Ин чароро бечунучаро кабиришиносон хуб дарк кардаанд.

Кабирии гирифтори маризии худдӯстдорӣ мехоҳад танҳо худаш подшоҳи мухолифин бошад. Танҳо дар саҳна худаш ҷилва бинамояд.

Ҳангоме, ки зиракӣ аз марз гузашт, ба макр бадал мегардад. Макр сифат не, макр хабосат ва кори оҷизон аст. Байни зирак ва маккор масофа аз Файзобод то Исломобод аст.