Мавзӯи конфронси ҷумҳуриявии имрӯза: “Асосҳои геотехнология, инноватсия ва тамоюли рушд”

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” конфронси илми-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Асосҳои геотехнология, инноватсия ва тамоюли рушд”  баргузор гардид. 

Конфронсро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, арз дошт, ки бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф рушд намуда, маҳз ба хотири ташаккул  тафаккури техникӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд, ки дар ин замина мо, масъулони макотиби олиро зарӯр аст, то иқдомҳои муҳимро пеш гирем. Конфронси имрӯза низ як қадаме барои расидан ба ҳамин ҳадаф аст ва умедворем, ки дар ин конфронс ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва меҳмонон масъалаҳоро ҷиддӣ  баррасӣ менамоянд.

Ҳамзамон, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули низ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардории  суръати  истихроҷи ангишт дар конҳо” баромад намуда, аз усулҳои муосири истифодаи истихроҷи ангишт ва самаранокии истифода аз он сухан гуфта, қайд намуд, ки дар Тоҷикистон конҳо ва шахтаҳои зиёде алъон хобидааст, ки мешавад бо роҳи муосир аз он ба таври самараноктар ангишт истихроҷ намуд.

Сипас, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов Абдумалик дар мавзӯи “Ҳифзи обҳои зеризаминӣ  ҳангоми истихроҷи нафт” суханронӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз усули эҳтиёткоронаи истихроҷи маҳсулоти нафтӣ ба тарики муосир метавонад ба  обҳои зеризаминӣ зиён нарасонад.

Сипас, ассистенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Бойматов Довар дар мавзӯи “Роҳҳои инноватсионии тартибдиҳии шабакаҳои давлатии геодезӣ” баромад намуд.

Баъд аз анҷоми қисмати ифтитоҳӣ кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо намуд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси факултети корҳои кӯҳӣ гузаронида шуд.

Шуъбаи иттилоот