Муваффақияти олимони мо дар сатҳи байналмиллалӣ

Дар ин бора муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин дар сафҳаи шахсии хеш чунин навишт:
“Ду лоиҳаи илмии муштараки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон амалӣ мегарданд!

Ин лаҳзаҳо дар Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин – Протоколи тасдиқи рӯйхати лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ҷиҳати маблағгузорӣ барои солҳои 2022-2023 байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид, ки ба он ду лоиҳаи илмии муассисаи мо дар 1)масоили коркарди технологияи бесианид ҷудо кардани тилло ва 2)масоили коркарди технологияи кам кардани чанг дар раванди истихроҷи ангишт низ шомил гаштанд.
Ин лоиҳаҳо якҷоя бо олимони муассисаҳои илмию таълимии соҳавии Чин дар конҳои Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Ва дар ин асно пурра навсозии базаи моддию техникии муассиса барои ин равияҳо дар назар дошта шудааст”.

http://www.president.tj/node/30693