ЛОГИСТИКА ВА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУЛТИМОДАЛӢ: МУАММОҲО ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО

Таҳти ҳамин унвон конфронси илмию амалӣ бо иқдоми кафедраи ҳамлу нақли донишкада доир гардид.

Дар суханронии муқаддимавӣ ректори донишкада дотсент М.Фозилзода иброз доштанд, ки “ Тавассути роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон- Тоҷикистон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ барои рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ ба шумор мераванд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллатамон дар Паёми имсолаашон низ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки ташкили марказҳои логистикӣ, терминалҳои наздисарҳадӣ ва долонҳои нақлиётии муосирӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат аҳамияти аввалиндараҷаро дорад.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро бо ҷалби беш аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардонидааст. Имрӯзҳо татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдиди роҳи Душанбе -Қӯрғонтеппа, Хуҷанд- Исфара, Кӯлоб- Шамсиддини Шоҳин, Шкев -Қалъаихумб, Темурмалик- Балҷувон- Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард идома дорад.

Тибқи рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаҳои қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи назаррасро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа арзёбӣ гардидааст. Дар самти бунёди роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани онҳо корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааанд.Дар давраи миёнамӯҳлат таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингардӣ ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ пешбинӣ шудааст. Дар таҷдиду рушди соҳаи нақлиёт ва дурнамоии он самтҳои тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани техникаву технологияҳои муосир, аз маҳсулоти воридотшаванда ба маҳсулоти содиротшаванда табдил додани маҳсулот – нақши муҳимро мебозанд. Барои ҳаллу фасли ин масъалаҳо, ки дар маҷмӯ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамоянд, бояд мутахассисони соҳа, олимону тадқиқотчиён, ихтирокорон саҳми худро гузоранд.

Доир гардидани конфронси илмӣ-амалии Байналмилалӣ таҳти унвонӣ ʻʻЛогистика ва ҳамлу нақли мултимодалӣ; муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳоʼʼ бо иқдоми кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургияи донишкада барои рушди равияи логистикаи нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ,ҳамчун яке аз соҳаи калидии пешрафти саноат, мусоидат менамояд.