Эмомалӣ Раҳмон: Бояд истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ ва коркарди ҳарчӣ бештари ашёи хоми ватанӣ таъмин намоем.
Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. Таваҷҷуҳ ба ин соҳа ҳамарӯза бештар гардида, дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунониро ҳадафи чорум эълон карданд.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ба ривоҷу равнақи истихроҷи маъдан ва коркарди ниҳоии он вобастагии басо зич дорад. Ҳамасола ба ин соҳа таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар бештар гардида, аз ҷониби Сарвари давлат ба мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Дурнамои ин соҳа муайян буда, ба пешрафти воқеии иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад.
Тоҷикистон бо кӯҳҳояш ифтихор дораду зери онҳо ганҷҳои бебаҳо нуҳуфтаанд. Қуллаҳои сарбафалаки кишвари мо аз ҷумла, Помир баробари кӯҳҳои Тиёншон ва Олой ҳисоб ёфта, дар қаъри онҳо тамоми унсурҳои химиявии ҷадвали Менделеевро кашф кардан мумкин аст.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ конҳое, ки фаъолият доштанд, баста шуда, аҳолӣ аз сарчашмаи асосии рӯзгузаронӣ маҳрум гашт. Бахусус, солҳои аввали замони соҳибистиқлолӣ барои мардум гарон омад. Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат байни кишварҳои хориҷ шартнома баста шуд ва аз ҷумла, ширкате бо соҳибкорони чинӣ бунёд гардиду зиндагии мардум оҳиста – оҳиста рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Яке аз конҳои номдори вилоят дар шаҳраки Зарнисор (пештар Олтин – топкан) ҷойгир аст.
Яке аз самтҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ нигаронида шуда, баҳри фаъолияти самарабахш чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида мешаванд. Ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст, агар бо таҷҳизоти муосир таъмин гардем, иқтисодиёти мо пеш меравад.
Муъминҷон Юсуфов – устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон:
– Дар давраи шӯравӣ экспедитсияи Конимансур калонтарин дар кишвар маҳсуб ёфта, геологҳои номӣ он ҷо кор мекарданд. Айни ҳол як гурӯҳ дар кӯҳҳои мавзеи Ошобаи ноҳияи Ашт ба ҷустуҷӯи тилло машғул ҳастанд. Солҳои пеш дар як тонна ҷинси кӯҳӣ агар то 2 грамм тилло набошад, коркард намешуд, ҳоло баръакс, 1-0,4 грамм тилло ҳам коркард мешавад. Ҷои дигаре, ки геологҳои мо ҳамроҳи чиниҳо фаъолият доранд, ин кони Зарнисор ба ҳисоб меравад, ки яке аз бузургтарин дар Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо бо мамлакати Чин барои коркарди металлҳо аз ҷумла, сурбу руҳ шартнома бастааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон қайд мекунанд, ки бояд дар оянда мутахассисони худиро омода сохта, ба кор ҷалб намоем. Тоҷикистон аз металлҳои гаронбаҳо хеле бой аст, вале барои коркард техника ва технологияи муосир надорем. 93 фоизи кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо боигарии мо ҳастанд. Масалан, дар як худи кӯҳи Қаромазор зиёда аз 300 кон ва зуҳурот дар мавзеъҳои Чоруқдаррон, Қуруқсой, Консой ва Адрасмон низ бойтарин конҳо мавҷуд ҳастанд, ки мутаассифона, барои коркарди онҳо иқтидор надорем. Дар байни қаторкӯҳҳои шимоли кишвар Қурама ва Муғул аз сарватҳои гуногуни маъданӣ хеле бой мебошанд. Дар ин кӯҳҳо захираи сурб ва руҳ бартарӣ доранд.
Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои омода кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаҳои геология ва саноати кӯҳӣ – металлургӣ саҳм мегузорад.
Шӯҳратҷон Мирбобоев – аввалин хатмкунанда аз рӯи ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ иброз дошт, ки баъди хатми Донишкадаи мазкур ба Донишгоҳи давлатии нафту гази шаҳри Тюмени Федератсияи Россия (алҳол Донишгоҳи индустриалӣ) бо ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ аз рӯи шартномаи байни донишгоҳҳо ба аспирантура дохил шудам, ки тақрибан 70000 донишӯ дар ин ҷо таҳсил мекунанд.
Аз нуқтаи назари илм дар Донишгоҳи индустриалии Тюмен барои омӯхтани таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ дар озмоишгоҳҳои замонавӣ барномаҳои муосир барои баҳо додан ба канданиҳои фоиданок қабул шудааст. Ман боварии комил дорам, ки дар оянда донишкадаи мо ҳам яке аз пешрафтатарин ба ҳисоб рафта, мутахассисони беҳтаринро махсусан, дар самти коркарди маъданҳои кӯҳӣ омода хоҳад сохт.
Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят ҳаҷми содироти маъдан дар соли гузашта ба маблағи 399 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, дар маҷмӯъ 347,6 ҳазор тонна маъдан ва консентрат содирот шудааст. Дар ин раванд бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидани силсилаи корхонаҳои муштараки истихроҷи маъдан ва металлургияи ранга, аз қабили ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой”, КМ “Апрелевка”, ҶДММ КМ “Анзоб”, ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”, КМ “Зарафшон” ва ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” назаррас аст. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷамъбасти нӯҳмоҳаи соли 2018 гарчанде содирот ба намуди аслии маҳсулот ба андозаи 9943 тонна нисбат ба соли гузашта кам шуда бошад ҳам, бинобар афзоиши нархи ин намуди маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ҳаҷми содирот ба маблағи 24,7 миллион доллари амрикоӣ зиёд шудааст. Дар саноати истихроҷ ва коркард маъдан ва консентрат ҳамчун маҳсулоти асосии содиротӣ боқӣ монда, ҳиссаи он дар сохтори содирот 72,9 фоизро ташкил медиҳад. Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки дар самти диверсификатсияи содирот тавассути роҳандозии истеҳсолоти намудҳои маҳсулоти характери содиротидошта фаъолиятро тақвият бахшанд.
Султон Иброҳимов – мутахассиси пешбари нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоят дар суҳбат қайд кард, ки Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки оид ба танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, соҳаи кӯҳию техникӣ, назорати омӯзиши геологии қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти граҷданӣ, бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда, назорати газ ва техникаи аттраксионӣ фаъолият менамояд. Назорат оид ба коркарди дурусти конҳои канданиҳои фоиданок инчунин, аз тарафи хадамотҳои маркшейдерӣ, геологӣ ва дигар умури вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо амалӣ карда мешавад.
Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумруки вилоят содироти маъданҳои кӯҳӣ ва консентратҳо дар соли 2018-ум 347 ҳазору 626 тонна мебошад, ки 398,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба ҳама маълум аст, ки истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад, ки онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба танзим медарорад.
Захираи сарватҳои зеризаминӣ ба мо имконият медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ соҳаҳои мавҷудаи саноатро инкишоф дода, иқтисодиёт бо суръати баланд тараққӣ дода шавад.
Тоҷикистон дорои захираҳои азими канданиҳои фоиданок аст, ки метавонанд барои рушди бисёр соҳаҳои саноат ҳамчун сарчашмаи боэътимоди ашёи хом хизмат намоянд.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»