КӮРИ ЗИ МОДАР ОМАДА, БИНО НАМЕШАВАД!

Шинохт аз наҳзатиёни манфур ва манҳус дар шароити кунунӣ бисёр мушкил буд, зеро наҳзатиёни манфур ҳар замон бо роҳҳои гуногун бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет бо ҳар ранг ва гунаи вижа  ҷилва медиҳанду худро  гоҳ мазлуму азиятдида ва гоҳо ғамхору ватандӯст нишон дод, ки дар навбати аввал инсони каммаълумот ва бехабар аз асли онон зуд бар ин бовар мекунад, аммо ин як парда аст. Пардаи махсус. Як фиреби ҷомеа ва мағзшӯист. Дар асл бошад зери ин “ватандӯстон”-у “мазлумон” ва “ғамхорони миллат” сиррест ниҳон ва пушти ин ибораҳо ҳақиқати талхе нуҳуфтааст, ки вақте мефаҳмед ранг аз рӯятон меканад. Зеро ин ибораҳоро наҳзатиён махсусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ барои он истифода  менамоянд, ки ҷомеаро фиреб диҳанд, афкори солимро аз байн баранду ғояҳои ифротии хешро дар мағз-мағзи тафаккури ҷомеа ҷо диҳанд.  Наҳзатиён махсус барои ин кор сафарбар шудаанд ва аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфте ба даст меоваранд, ки миллионҳо доллар аст.

Миллионҳо доллари хоҷаҳои хориҷии наҳзатиён  барои  миллати тоҷикро гумроҳ кардан, аз асли хеш бегона намудан, дар ҳолати махлути манқуртӣ нигоҳ доштан равона гардидааст, ки дилхоҳ нафари огоҳ метавонад ин ҳама ҳақиқатро дар навиштаҳо, гуфторҳо ва суханрониву наворҳои наҳзатиён дармеёбад, ки саропо бар алайҳи миллат омода карда шудаасту мақсаду маромашон ҳам  дасисабозиву иғвобарангезист. Ҳатто кӯчактарин масъаларо мешавад бо ин усул дарёфт, ки кулли наҳзатиёни манфур ва палид ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеа дурӯғҳову афсонаҳое мебофанд, ки дар ҳақиқат манфур ва разилу хоину душман буданашон ошкор мешавад. Вале худи наҳзатиён бошанд бехабар аз онанд, ки кайҳо боз ин асрори ниҳонашон фош шудаасту онҳо дигар нақши фоҳишаро мебозанду халос. Чунки миллат дарк намуд, ки наҳзатиён  ҳама ҳолатро ба манфиати худу хоҷагонашон сӯистифода намуда, талош мекунанд, то мардумро бо дурӯғҳои бофтаи худ фиреб диҳанд ва рӯҳафтода созанду ба доми худ кашанд.

Дур намеравем ҳодисаи солҳои 2013 то ба ҳоли М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ ва аз террористони фирориву душмани аслии миллат, ки бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ намуда аз Туркия истода ҷавонони кишварро гумроҳ сохтаву бо роҳҳои гуногун ба сафи ин созмони террористӣ ба Сурия мефиристод. Ё ташкил кардани барномаи махсус аз ҷониби наҳзатиёни манфур дар радиоканали “Зелло” бо номи “Даъват ба Сурия”, ки бо ин роҳ садҳо ҷавони бехабарро ба майдони ҷанг даъват намуданду сарсону саргардон ва аз ҳаёт маҳрум сохтанд. Аммо дертар Туркия ҳақиқати ин малъунони наҳзатиро дарк намуду ҳамаи ин наҳзатиёни манфурро аз қаламрави кишвараш берун сохт, то наҳсияташон ба мардумаш нарасад.

Зикри ин нукта ҳам лозим медонем, ки наҳзатиён аз аслу насаби хеш хиёнаткор омадаанд ва бо ҳамин роҳ мераванд ва инро метавон дар ҳама рафтору гуфтор ва ҷиноятҳои содиркардаашон бараъло мушоҳида намуд. Мисле, ки шоир ин байтро махсус барои наҳзатиён гуфта бошад:

Аз бадниҳод чашми накуӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино намешавад.

Воқеан ҳам дарк намудан мумкин аст, ки наҳзатиёни манфур ва палид аз гузаштаи дури худ ҳамчун палид ва хоин баромадаанд ва асло нияти нек дар дил намепарваранду мақсаду маромашон ҳам душманонаву ифлос аст. Худи ҳамин хиёнатҳояшон бар миллату Ватан аллакай аз он шаҳодат медиҳад, ки ин тоифаи наҳзатӣ роҳи одамӣ ҳаргиз накӯфтаанду қадами нек нагузоштаанд.

Ва ҷойи дигар ин ҳам ҳақиқат дорад, ки ин кӯрбинони наҳзатӣ аз модар чунин хоину кӯрботин ва кӯртинату ҳаромтарбия зода шудаанду асло чашми ҳақиқатбин надоранд ва аз ин ҷост, ки ҳар рӯз як сафсата ва як ҳарза мегӯянд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ