Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ташаббуси Иттифоқи касабаи донишкада зери роҳбарии Давлатов Давлатмаҳмад ба мактаб интернати рақами 40 шаҳри Конибодом ташриф бурда, дар арафаи Иди саиди Фитр ба бошандагони мактаб- интернати мазкур маҳсулот ва маводи хӯроквориву ширавориҳо, сабзиҷоту мевагиҳо тақдим намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро раиси иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, кӯмакҳои Иттифоқи касабаи донишкада ҳамеша дар арафаи иду айём ва ҷашнҳои расмии кишвар ин мактаб -интернат расонида мешавад.
Шуъбаи иттилоот