Cанаи 22.04.2022с, дар толори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Чин маросими ифтитоҳи курси омодагии донишҷӯён, инчунин ба имзо расонидани Шартномаи сеҷониба оид ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва донандагони забони чинӣ байни Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Чин, Донишкадаи касбӣ-техникии захира ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори ҷониби тоҷикистонии ДК Валиева Мастура иттилоъ дод.
Зимни ин Шартнома донишҷӯён дар муҳлати як сол дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон забони чиниро омӯхта, баъдан ба муддати як сол ба Донишкадаи касбӣ-техникии захира ва муҳити зисти Ланҷоу фиристонида мешаванд.
Баъди ба итмом расонидани курси омодагии касбӣ донишҷӯён дар Ширкати мазкур бо кор таъмин мегарданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Чин, намояндаи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, намояндаи ҳукумати шаҳри Истиқлол, намояндагони ВАО, раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, бевосита кормандони Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамзамон, Донишкадаи касбӣ-техникии захира ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин (онлайн) иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуда, чорабинии мазкурро маҳз баҳри амалӣ гардонидан ва бо мутахассисони варзида дар бозори меҳнат таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби коргарони маҳаллӣ нигаронида шудааст. Ин иқдом дар оянда низ дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон амалӣ мегардад.