КУРИ ЮНУС МЕХОҲАД ҶИНОЯТҲОИ ТТЭ ҲНИ-РО ПУШТИ ПАРДА НИГОҲ ДОРАД

Дар ҷаҳони муосир вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки намешавад бе дидгоҳи солим ва андешаи мусаллам онро пешгӯӣ кард. Дар воқеъ ҳоло зуҳури падидаҳои гуногун агар аз як ҷониб авзои сиёсиро номуташанниҷ гардонида бошад, аз ҷониби дигар вазъияти номукаммали иҷтимоӣ дар баъзе кишварҳои хориҷӣ имрӯз вазъи ҷаҳонро камранг гардонидааст. Аз ҳама муҳимаш масъала дар он аст, ки сафи созмонҳо ва гурӯҳҳои инсонбадбин хеле зиёд гардидааст. Ҳарчанд инро ошкоро мушоҳида кардан номумкин аст, аммо ҳамин ташкили созмонҳои террористӣ-экстремистӣ худ аллакай як низоми инсонбадбинӣ дар ҳоли ҳозир мебошад.

Таҳдид ва куштору амалҳои инсонбадбинонаи ташкилотҳои террористӣ имрӯз ба тамоми ҷаҳон маълум аст ва ин аллакай худ гувоҳ бар он аст, ки имрӯз як низоми инсонбадбинӣ дар ҳоли шаклгирифтан аст. Ҳарчанд имрӯз мо терроризм ва экстремизмро шохаҳои он меҳисобем, аммо маълум аст, ин низом шояд доираи васеътарро фаро гирад. Зеро то ба ҳол нашудааст, ки пеши роҳи ин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ-экстремистӣ гирифта шавад ва ин маънои онро дорад, ки ҷаҳон ҳоло дар моварои сар ба сар шудан бо як низоми нави душман аст.

Маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ аз ҳисоби доираҳои манфиатхоҳ маблағгузорӣ мешаванд ва ин албатта сабаби аслии зуҳури ин падидаҳост. Зеро ин ҷо маълум аст, ки маблағ нақши асосиро бозидааст ва ин албатта     хатари бузург бар ояндаи насли одамият мебошад. Ҳарчанд мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки авзои аз он ки қаблан буд, бадтар шудаасту созмонҳои террористӣ аз ҳоло дар кишварҳои Ховар нақши таъсиргузорро ба даст гирифтанӣ ҳастанд, ки бояд дар ин масъала ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф набошад. Қатлу куштор ва разолати беинсофонаи созмони террористии “Давлати исломӣ”  имрӯз дар кишварҳои Сурияву Ироқ ва Лубнону Либия аз ҳад гузаштаанду то ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ пеши ин ваборо нагирифтаанд. Аммо иддае аз хоинону душманони миллати тоҷик, ба мисли Кури Юнус  ба хотири гумроҳ сохтани мардум ва ҳамроҳ гардонидани насли ҷавон ба сафи созмонҳои террористӣ имрӯзҳо баромаду мақолаҳо навишта, ҷавононро гумроҳ мегардонанд, то аз ин ҳисоб аз хоҷагони хориҷияшон маблағи ҳангуфте ба даст оваранд. Яке аз чунин малъунони террорист ва таблиғгари ғояҳои террористӣ-экстремистӣ Саидюнуси Истаравшанӣ мебошад, ки ба хотири пули хоҷагони хориҷияш бар миллати тоҷик хиёнат мекунад. Албатта, дар сомонаи таъсисдодааш, ки Истаравшанӣ бештар бо номи Кури Юнус маълум аст, маводҳои ифротӣ ва ғайрисоҳавиро  ба табъ расонида мехоҳад ба ҳамин восита андешаву ғояҳои ифротияшро бар сари ҷомеа бор созад.

Ҳамон гуна, ки маълум аст Кури Юнус бештар аз террористони наҳзатӣ дастгирӣ намуда, онҳоро ба худ хоҷа хондааст, ки мақсадаш бо ҳамин роҳ бар кишвари мо зарар расонидан мебошад. Тавре, ки дар боло гуфтем, имрӯз ҷаҳониён ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористии хатарнок шинохтаанд ва Истаравшанӣ барои пинҳон кардани ин ҳақиқат ба рекламаи наҳзатиён пардохтаасту имрӯзҳо ин хоҷаҳои террористашро дастгирӣ мекунад, ки ин хиёнати рӯирост бар миллат мебошад.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ