Ҳаммаслакон ва косалесони Кабирӣ вақтҳои охир бо суханҳои пучу бемағзи худ ба ҳимояи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ баромада намуда истодаанд. Яке аз ҳамин гуна шахсон Илҳом Ёқубов мебошад. Маълум гардид, ки падараш устоди донишгоҳ, амакаш корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ, дорои ақидаҳои террористӣ-экстромистӣ будаанд, пиндорашон бад будааст.
Ин ашхос дар сарзамини Тоҷикистон зиндагӣ карда истода, дар муассисаи таълимӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ кор када истода, аммо дар дилашон нисбати дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти мардуми тоҷик нафрату адоват доштаанд.
Имрӯз дар мулки ғарибӣ ба хизмати хоҷагони хориҷӣ даромада бадбинӣ ва нафраташон боз ҳам боло рафтааст. Мумкин аст, онҳо аз кардаи худ пушаймон бошанд, аммо ҳамон “ғурури шайтонии миллаташон” намегузорад, ки ба гуноҳи худ иқрор шаванд.
Илҳом Ёқубов бояд бидонад, ки чизи сиёҳро сафед гуфтан ғайриимкон беҳуда аст.
Тавре, ки Бедили бузург дар хаққи ин гуна шахсон фармудааст:
Ба оби Зам-заму Кавсар сафед натвон кард,
Гилеми бахти касеро, ки сиёҳ бофтанд.
Яъне маълум мегардад, ки ин ашхоси хоину ватанфурӯш, ғуломони зархариди хоҷагони хориҷӣ аз азал сиришташон аз сиёҳӣ бофта шудааст ва сияҳбахт будаанд.
Агар сияҳкору сиёҳтинат намебуданд, имрӯз дар мулки бегона ҳаёти ғарибонаро ба сар намебурданд, ки ба ин худашон гунаҳкоранд.
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав,
Аз мукофоти амал ғофил машав.
Хайриҷон Ҷӯраева мудири кафедраи математикаи
олӣ ва информатика