Корҳои ободонӣ дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ки яке аз кафедраҳои беҳтарин дар факултети металлургия маҳсуб меёбад корҳои ободонӣ ва азнавсозии синфхонаҳо идома дорад. Айни замон масъулини кафедра иқдом гирифтаанд, то як маркази хоси пажӯҳиширо мавриди истифода қарор бидиҳанд.  Дар иҷрои ин амал, аллакай синфхонаи махсус мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифтааст ва дар рӯзҳои наздиқ қарор аст, ба истифода дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ яке аз кафедраҳои пешқадам ва дорои омӯзгорони ҳирфаиву собиқадор ва саҳмгузор дар рушди иқтисодиёт мебошад. Корҳои ободонӣ дар ин кафедра низ нишон аз дилсӯзиву самимияти масъулони кафедра ба соҳаи иқтисод мебошад.