
Имрӯз профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳҳорович бо ҳамроҳии мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер дар гӯшаи таҷрибавии кафедраи экологияи факултети металлургия корҳои ободониро ба анҷом расонида, ба ҷараёни парвариши рустаниву гулҳои ҳамесабз ва ниҳолҳои ороишӣ оғоз бахшиданд.
Профессор Розиқов Зафар ҳамчун олими таҷрибадор ва муваффақ ба олимони ҷавон ва омӯзгорони кафедра машваратҳои муфид дода, чӣ гуна идома додани кори гӯшаи таҷрибавиро роҳнамоӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар гӯшаи таҷрибавии кафедраи экология гармхонаи хурду муосир ва бо фарогирии технологияи аврупоӣ бунёд карда шудааст, ки олимон ва пажӯҳишгарон дар он таҳқиқоти соҳавии хешро анҷом медиҳанд.