Санаи 30.12.2022с. мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон бо ҳамроҳии омӯзгори варзидаи соҳа Анвар Отаев ба корхонаҳои саноатӣ ташриф бурда, бо соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, ба масъулини корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла ба директори Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” Мустафокулов Аъзамкул Овлокулович “, ба директори генералии ҶДММ «Петролеум Сугд” Хуршед Гадоевич , ба мутахассиси ” ҶММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Точикистону Хитой” Раҷабова Саодат Дадоевнава ва ба директори генералии ҶДММ «Суғднафтугаз» Ғайбуллоҷон Дадобекович Сипосномаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро расонида, барои ҳамкориҳои пурсамар дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот миннатдорӣ баён намуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани барномаи панҷсолаи рушди саноат, ки солҳои 2022- 2026 «Солҳои рушди саноат» дар ҷумҳурӣ эълон гардидааст, ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ва муҳаққиқони ҷавон барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ филиалҳои кафедраҳоро дар корхонаҳои саноати кишвар ба роҳ мондааст, то кор дар ин самт беҳтар гардад.