КОРРУПСИЯ-МОНЕАИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Имрӯз дар  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон таҳти унвони  «Коррупсия-монеаи пешрафти ҷомеа» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсия, майори адлия Назриён Васлибек Қурбон ва нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсия, лейтенанти калони адлия Ҳамдамзода Давлат Мерган ширкат варзиданд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои таълим Қозиев Камолудин Сангинович  суханронӣ намуда, аз татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» чанд бобҳоро ёдовар шуданд. Сипас Назриён Васлибек Қурбон роҷеъ ба омил, сабаб ва шароитҳои ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда, ҳамкории ҷомеа бо мақомот ва роҳҳои пешгирии амалҳои характери корупсионидошта, баромад намуданд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар кишвар баҳри беҳтар намудани мубориза бо корупсия ва аз байн бурдани амалҳои нодурусти корупсионӣ, ки монеи рушди бисёр соҳаҳо мегардад,  формати нави миллии мубориза бо корупсия, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст,  ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин устоди донишкада Анвар Саидов оид ба оқибатҳои бади амалҳои корупсионӣ ва зарари он ба пешрафти ҷомеа маърӯзаи пуруҳтавоеро қироат намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти баррасии мавзӯъ табодули андеша миёни кормандони мақомот ва устодони донишкада сурат гирифт. Давлатов Давлатмаҳмад устоди донишкада аз чунин рангин ва пурмубоҳиса гузаштани мизи мудаввар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳо ва паёмадҳои нодурусти амалҳои корупсионӣ, ки яке аз монеаҳои пешрафти ҷомеа мебошад, чанд пешниҳоди муҳим дод.

                                                                                                                                       Шуъбаи иттилоотии ДКМТ