Ҳарчанд имрӯз дар саросари ҷаҳон вазъият хеле ногувор аст, лек ҳастанд афроде, ки баҳри ба даст овардани манфиат аз ҳамин ҳолат ҳам сӯистифода менамоянд, ки ин хеле амали нодуруст аст. Дирӯз дар сомонаи радиои “Озодӣ” вобаста ба фавти як нафар пирамард, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов буд, гузорише нашр шуд, ки дур аз воқеият буда, мардумро ба таҳлука андохт ва ҳатто аксариятро воҳимазада кард.
Аммо, дертар бинобар пажӯҳишҳои журналистӣ ва таҳқиқотҳои касбӣ аз ҷониби расонаҳои гуногун маълум шуд, ки ин хабар асосӣ воқеӣ надорад ва марди фавтида гирифтори вируси нав ё худ пандемияи КОВИД-2019 набудааст.
Дертар баёянияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар низ нашр шуд, ки дар он вобаста ба вазъи кунунии кишвар ва ҳамчунин ҳолати пешгириву сирояти коронавирус сухан меравад, ки ҷое чунин ишора шудааст: “иттилоъ медиҳем, ки тибқи маълумоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.”
Албатта, ин ҷавоби расмӣ ва хулосаи мутахассисони соҳа аст, ки дубора моро водор месозад, ки ба ҳама овозаву хабарҳои бардурӯғ бовар накунем ва ҷавоби дақиқу саҳеҳро ба ҳар як матлаб аз манбаъҳои расмӣ ва соҳавӣ ҷӯё шавем.
Вобаста ба гузориши радиои “Озодӣ”, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кор бурдааст ва аз марги як нафар пирамард дар ин ноҳия ҳангома сохтаасту мардумро ба таҳлука андохтааст, дар баёнияи Вазорат чунин омадааст: “Субҳи имрӯз, 6 апрели соли равон вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шӯъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода гузориш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад.
Ҳамчунин, аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, дар ҳақиқат, фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, қаблан, пеш фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуда ва натиҷаи он манфӣ баромадааст. Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад”.
Яъне ин ҷо боз ҳам нодуруст ва носаҳеҳ будани гузориши радиои “Озодӣ” ошкор гардид. Ҳарчанд ҳамон рӯз аллакай тариқи санҷиши фактчекинг ё худ дурӯғсанҷ, маълум карда буданд, ки ин гузориши радиои “Озодӣ” бардуруӯғ аст ва ягон асосӣ воқеӣ надорад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳо бардурӯғ дода нашаванд ва худро парешонхотир насозанд. Хушбахтона, кишвари мо имрӯз дар қатори камтарин кишварҳоест, ки аз сирояти коронавирус ё худ пандемияи КОВИД-2019 эмин мондааст ва ин албатта аз бахти баланди миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Аз ин рӯ, аз ҳама ҳамватанони гиромӣ талаб карда мешавад, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон аз чораҳои андешидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои пешгирӣ аз ҳама ҳолатҳои сироятёбӣ пайравӣ кунанд ва тавсияҳои ин Вазоратро ба инобат гиранд.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ