КОРОНАВИРУСРО МЕТАВОН ШИКАСТ ДОД

Ҳоло ин шабу рӯз дар тамоми ҷаҳон ба шумуле аз чанд ҷазираи кӯчак пандемияи КОВИД-2019 ё коронавирус паҳн гардидааст, ки сокинонро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Тибби муосир имрӯзҳо дар пеши ин пандемия оҷиз мондааст ва ҳатто давлатҳои абарқудрат ҳам натвонистанд, ки сокинони худро аз ин коронавирус наҷот диҳанд.

Сабаби сар задани ин пандемияро одамон ба чанд ҳолат тавзеҳ медиҳанд ва аксарият ин ҳолатро як иштибоҳи насли башар медонанд ва коршиносон бошанд, инро сохтаи дасти одамӣ меҳисобанд. Аммо дар ҳолат чӣ сохта бошад ва ё чӣ табии ин вирус дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст ва аз назорати инсон берун баромадааст ва ҳоло ҳама дарвозаҳоро убур намуда, кӯшиш мекунад, то охирин ҷони башар рафта расад. Пас маълум мешавад, ки дигар ин пандемияи КОВИД-2019-ро намешавад як чизи содда номид ва ҳамон таъбири маризии ҳамагир ин ҷо дуруст омадааст.

Имрӯз ҳар як кишвар бо роҳҳои вижаи тиббии худ ин пандемияро табобат мекунанд ва албатта дар ин росто талафоти ҷонӣ низ ба назар мерасад, ки ин ҳам бошад аз набудани дору ё ҳаби мувофиқ ба ин вирус мебошад.

Ҳоло ягона роҳе, ки инсонро аз мубталошавӣ ба ин вирус наҷот медиҳад, ин фосила гирифтан аз ҷамъияти пуранбӯҳи одамон мебошад. Имконият ё роҳи дигарерро табибон барои халосӣ аз ин пандемия ё худ коронавирус пешбинӣ накардаанд. Ва набояд фаромӯш кард, ки ин вирус низ марҳилаи хотимаёбӣ дорад ва ин марҳила бошад ба шаҳрвандон вобаста аст. Яъне ҳар як нафар агар тавсияи табибони минтақаро ба инобат гирифта, гигиенаи шахсиро риоя намуда аз ҷамъияти одамон худдорӣ варзад, ҳатман аз ин пандемияи КОВИД-2019 эмин хоҳад монд.

Ҳамчунин он нафароне, ки дар худ ҳолатҳои монанд ва ё нишонаҳои ин пандемияро эҳсос мекунанд, беҳтар аст, дар ҳолати маҳдудкунии алоқа бо наздикон ва ҷамъият қарор гиранд ва худро ба ибораи маъмул карантин намоянду фавран ба табибон дар ин бора хабар диҳанд. Зеро дар сурати бепарвоӣ ва риоя накардани тавсияи табибон  ин афрод метавонанд боиси мубталошавӣ аъзои оила ва чандин каси дигар гарданд.

Аз ин рӯ, аз ҳама сокинони муҳтарами кишвар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки беҳудаву безарурат ба кӯчаву хиёбонҳо набароянд ва бозору дӯконҳо нараванд, дорувории зиёд харидорӣ накунанд, зеро ягона роҳ ин худкарантинкунӣ дар шароити кунунӣ мебошад. Ин ҳолат метавонад, ҳам атрофиён ва ҳам худи мубталошударо дар муддати муайян аз ин коронавирус наҷот диҳад. Омили аслии рушди коронавирус ин худи шаҳрвандон ва беэҳтиёӣ аз ҷониби онҳо мебошад, ба ҳамин хотир риоя намудани тавсияи табибон дар ин шабу рӯз ҳатмӣ мебошад.

Н.Саидов

омӯзгори ДКМТ