КОРМАНДОНИ РАДИОИ “ОЗОДӢ” БА КОРОНАВИРУС ГИРИФТОР ШУДААНД?!

Ҳамеша бузургон гуфтаанд, ки “бад макун ба кас, ки оядат ба ту низ пас”. Вале ин мақолро як гурӯҳ авбошони ба ном журналист ва дар асл террористи радиои “Озодӣ” фаромӯш намуда буданд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки роҷеъ ба масоили охир назарҳои бардурӯғ дода, мардумро ба таҳлука андозанд ва сарсону гумроҳ гардонанд ва ҳамин буд, ки оқибат худ ба гирдоби бало заданду аз офиси гарму нармашон ронда шуданд. Овозаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки дар Прага аз ҳама бештар кормандони бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ба ин вирус гирифтор шудаанд, аммо бархеи дигар мегӯянд, ки “О ин кормандони бахши тоҷикии Озодӣ худашон вирусанд, чӣ хел ба инҳо коронавирус гузаштааст?!”….

 Ахиран навиштаи Додоҷони Атовулло таҳти унвони “Ҳабси хонагӣ ё радди маърака?”, ки роҷеъ ба ҳолати вазнини кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Прага нашр шуд, воқеияти ин тоифаи ба ном журналисту дар асл хиёнаткорро ифшо сохт.

Зеро кормандони радиои “Озодӣ”, ки бардурӯғ миёни мардум муболиға намуда, хабарҳои  бардурӯғро нашр менамуданд ба касалии Ковид-19,  ки имрӯзҳо баъзе кишварҳои аврупоиро фаро гирифтааст, гирифтор шудаанд ва намояндаи амрикоиҳо дар Прага онҳоро аз утоқи корӣ берун андохтааст.

Чуноне, ки Д. Атовулло менигорад:

“Бору бӯхчаатонро бардоред!”

“Дигар ба офис наоед!”

Ин аз фармонҳоест, ки роҳбарони офиси радиои “Озодӣ” дар Аврупо ба наҳзатпарварони террорист ва ба ном журналистон додаанду онҳоро аз офиси радиои “Озодӣ”, ки ба бахши тоҷикӣ вогузор шуда буд, баровардаанд ё ба ибораи дигар бигӯем пеш кардаанд.

Аҷаб аст, ки ҳоло дигар ҳамон чоҳканҳоро зери чоҳ мебинам.  Кормандони бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”, ки ҳамагӣ даст ба хиёнат мезаданду мардумро гумроҳ  кард ва мақсадҳои нопоки наҳзатиёни манфурро дастгирӣ мекарданд, акнун худ аз ҷойи корашон ронда шудаанд, ки ҳам нишони ҳамон бешарафиву хиёнаткориҳояшон аст, ки оқибат бар худашон асар кард ва худи ин ҷанобону хонумони ба ном журналист имрӯз ба ин мараз гирифтор шуданд.

Бояд барои хонандаи азиз ҳам маълумот диҳем, ки кормандони бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ба тарафдории аъзоёни ТТЭ ҲНИ бархеста, ғояҳои ифротии онҳоро миёни ҷомеа паҳн мекунанд ва бино бар гуфтаи баъзе аз афроди ошно ба вазъият дар Аврупо кормандони бахши тоҷикии ин радио дар Прага аз Кабирии манфурур палид ва террорист маблағ мегирифтаанд, ки инро чандин манбаъи дигар низ таъкид карданд.

Аммо чизи дигаре, ки хоси жанри матлабофарии кормандон ва ё худ афроди ба ном журналсти радиои “Озодӣ” буд, ин сафедро сиёҳ ҷилва додан мебошад, ки дар ҳар як хабару гузориши ин расона мо ин шеваи корро мушоҳида мекунем. Яъне ягон хабару гузориши омода намудаи ин тоифаи бадкеш саҳеҳ ва дуруст нест ва ҳамеша дар он ангезаҳои иғвобарангезиву фитнаандозӣ дида мешавад, ки ин фақат хоси ҳамин бадкешони наҳзатпарвари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аст.

Акнун чуноне, ки мегӯянд худкардаро даво нест, дод аз дасти пушаймонӣ!

Ҳоло ҳолу ҳавои даҳшатзадаву таънашунидаи кормандони бахши тоҷикии радиои “Озоди”-ро фақат худашон медонанду ҳамон наҳзатиёни мубтало ба коронавирус.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ