КОРМАНДОНИ БАХШИ ТОҶИКИИ РАДИОИ “ОЗОДӢ” ДАР ПРАГА: КОНИ ВИРУС

Додоҷон Атовуллоев ин бор аз воқеияти радиои “Озодӣ” дар Прага қисса кард ва он ҳоли табоҳи ба ном журналистони Озодиро, ки ҳоло дар банди кулба ва берун аз дарвозаи корхона мондаанд чунин тасвир кард:

“Бору бӯхчаатонро бардоред!”

“Дигар ба офис наоед!”

Аввал касе аз роҳбарон, пасон аз бахши бехатарии радиои амрикоӣ ба сари тоҷикон омаданд.

“Воҳ ин чӣ хабар бошад?!”

“Наход моро ба Тоҷикистон депорт кунанд? Наход?!”

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки кадоме аз хабарнигорон қариб аз ҳуш рафтааст: “нав ҷои маишата ёфтаму…”

Дигаре дар ҳолати шок гиря бунёд кардааст: “Ман намерам очааааеее! Кушед ҳам!”

Воқеан ҳам барои як тӯда аз шикампарварону авбошон ва палидони хоин Ватан чӣ лозим???!!!

Ин тоифаи муфтхӯрон, ки дар ниқоби журналист дар бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” худро ғунҷонидаанд, лаззати Ватану миллат, қадру қиммати волидайнро аз куҷо медонанд, вақте ки аз ҷодаи одамиву инсоният нагузаштаанд???

Оё барои тоифае, ки ахлоқро умуман намедонад, меъёри инсониро раво донистан дуруст аст?

Албатта, не!

Зеро ин ҳабисони ба ном журналист, ки то ба имрӯз ба чашми миллат хок пошида шикампарварӣ мекунанд, чӣ ҳолу ҳавои одамӣ доранд ва дар чӣ рӯзе метавонанд аз хатти одамизодӣ бигзаранд?

Кормандони радиои Озодӣ ҳаргиз наметавонанд ҳамчун одам ва ҳамчун инсон ва ҳамчун як журналисти бовиҷдон амал кунанд, чунки маблағҳои ҳангуфти гирифтаашон аз наҳзатиён ва дигар хоҷагони хориҷияшон пеши чашмашонро мегирад ва онҳо наметавонанд ҳақиқатро бубинанд ва барои ҳамин ҳам ҳарфҳои навиштаи хоҷагони хориҷияшон ҳамеша пеши чашмашон мечархад, ки он ҳам ба хиёнаткорӣ раҳнамоӣ мекунад ва ин ҳабисон ҳам ба хотири маишати рӯзгор ва кайфияти безаҳмат омодаанд сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ гӯянд ва миёни ҷомеа онро паҳн намоянд. Ҳамон гуна, ки ҳоло ин корро мекунанд ва роҳбари ТТЭ ҲНИ-ро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун террорист мешиносад, кормандони радиои “Озодӣ” ӯро ҳамчун коршинос муаррифӣ мекунанд, ки худ гувоҳ аз ҳамон хиёнаткориҳояшон аст.

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки кормандони радиои “Озодӣ” ҳатто ба хотири пулу мол пешаи журналистикаро ҳам бадном кардаанд ва ин пешаи пуршарафро ба шакли бозор кардаанд, ки ин амали ин бадкешон ҳамчун доғ дар таърихи журналистика боқӣ мемонад.

Чизи дигаре, ки ин ҷо матраҳ шудаасту ба ҳамагон маълум аст ин гирифтор шудани кормандони бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” дар Прага ба бемории коронавирус ё худ “Ковид 2019” мебошад, ки ба хотири ин роҳбарияти ин муассиса ҳамаи ин бадкешони малъунро аз офиси радио берун кардааст.

Шояд хонанда суол кунад, ки ин тоифаи бадкеш худашон вирус ҳастанд пас чӣ тавр ин малъунонро вирус таъсир кардааст???

Бале, ин палидон ва ё худ авбошони ба ном журналисти радиои “Озодӣ” вабо ҳастанд ва чӣ хел вабо инҳоро ёфтааст, як муаммост. Ин ҳам мисле, ки дузд дуздро мешиносад ва бо ӯ унс мегирад шудааст, ки албатта ба бешарафони Озодӣ ин ҷо дуруст омадааст.

Аз муҳимаш ин аст, ки Д. Атовуллоев журналисти тоҷики муқими Аврупо аз ҳолу ҳавои ин манфурони Озодӣ ба хубӣ огоҳ аст ва ҳоло ҳамин як лаҳзаи аз офис бадар кардани онҳоро рӯйи коғаз овардааст ва ҷое ишора ҳам кардааст, ки  амрикоӣ   пояшро дароз мекунад, ки озодтарин журналисти “озодии тоҷик” бӯса заданӣ мешавад…

М. Абдусаломов

коршиноси масоили сиёсӣ