Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бахшида ба Солҳои рушди саноат конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Рақамикунонӣ: дастовардҳо, дурнамо ва муаммоҳо дар нақлиёт ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт” баргузор гардид.
Қисмати ифтитоҳиро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши ҳамлу нақл, афзалиятҳои рақамикунонӣ, истифодаи барномаҳои муосир дар ҳамлу нақли борҳо сухан ронда, моҳияти баргузории конфронсро ташреҳ дод.
Сипас, дар мавзуи “Системаи TIR дар Осиёи Марказӣ. Соддагардонии транзит” сардори шуъбаи ҳамлу нақли байналмилалии Ассотсиатсияи “АББАТ” Машарипов Баҳром суханронӣ кард.
Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳии конфронс дотсенти Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Низомиддинов А. дар мавзуи “Нақши стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт” , дотсенти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Ашӯров Хайриддин дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳамлу нақл” суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки рушди ҳамлу нақл имрӯз аз истифодаи технологияи муосир сахт вобастагӣ дорад ва умед дорем, ки конфронси имрӯза барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи ин соҳа мусоидат менамояд.
Сипас, кори конфронс дар се бахш идома пайдо кард.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия баргузор карда шуд.