Конфронс: Ваҳдати миллӣ- пояи давлати соҳибистиқлол

Имрӯз, 14 сентябр тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони ” Ваҳдати миллӣ-пояи давлати соҳибистиқлол” баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии  конференсияи мазкур ректори донишкада  профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба хештаншиносӣ , арҷ гузоштанд ба арзишҳои миллӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ чанд нуктаи муҳимро арзёбӣ намуд. Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада н.и.т., дотсент Раҳимова Шаҳноза Каримовна, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Шарипов Шавкатҷон, омӯзгори кафедраи таърихи халки точики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Муҳаммадизода М. ва омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Самиев Бекмурод иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба арзишҳои миллӣ,  Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаҳои  иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, тиб ва ғайра  суханронӣ намуданд.