Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада бахшида ба Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ, ки аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва информатика ташкил карда шудааст, конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи Масъалаҳои мубрами илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва техникӣ дар рушди саноати кишвар” баргузор гардид. Конфронсро нахуст муовини ректори оид ба илм,инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимияти мавзӯи мазкур сухан ронда, сипас суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод. 

Ҳамчунин, дар конфронси мазкур омӯзгорони фаъол Сиддиқов Н., Шербоев М. ва дигарон суханронӣ намуданд. Пас аз қисми пленарийи конфронс кори конфронси мазкур дар бахшҳо идома пайдо кард. 

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси мудири  кафедраи математикаи олӣ ва информатика  Туев Шоҳин ва дигар омӯзгорони ҳамин кафедра ташкил ва баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот