Санаи 12-уми феврали соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-сентябри соли 2011, № АП-1729 ва ҷадвали тасдиқ намудаи Раиси вилояти Суғд аз 08.01.2019 оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ, дар донишкада нишасти матбуотї бо иштироки васеи хабарнигорону рўзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суѓд баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ рўзноманигорону хабарнигорон аз рўзномаҳои «Ҳаќиќати Суѓд», «Согдийская правда», «Суғд Ҳақиқатӣ», «Паёми Бўстон» ва телевизиони вилоятӣ ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотиро ректори донишкада Фозилзода Мухтор Муродалӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, сипас, оиди фаъолияти солонаи таълимгоҳ дар самтҳои таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, хоҷагидорӣ, дастовардҳо, бурду бохти таълимгоҳ, наќшаи дурнамо ва вазифаҳои дар пешистода, дар соли 2019 бо маърўзаи таҳлилӣ баромад намуд.
Сарвари таълимгоҳ дар баромади худ ќайд намуд, ки ҷомеаи меҳнатии таълимгоҳ дар њама ҷабҳаҳои таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони соҳавї, корњои илмї-тадќиќотї, навоварию ихтироъкорї ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Аз ҷумла, дар озмуни «Ихтироъкори сол» 7 нафар омӯзгорон ва 5 нафар донишҷӯён соҳиби патентҳои ихтироъкорӣ – навоварӣ гардиданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, тамоми ҷидду ҷаҳди худро баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ равона менамояд. Сарвари таълимгоҳ қайд намуд, ки айни замон донишкада бо 33 муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик ва зиёда аз 70 корхонаҳои соҳавӣ – саноатӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Сипас, ба саволҳои рўзноманигорон ва дигар воситаҳои ахбор оиди бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, душворию масъалаҳои њалталаби таълимгоҳ, омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ, нақшаи дурнамои донишкада ва дигар масъалаҳои марбут ба кори таълиму тарбия ректори донишкада Фозилзода М.М., муовинони ректор оид ба корњои таълим ва илм Қозиев К.С., Насриддинов З.З. ва тарбия Сайдулоева М. посухҳои мушаххас доданд.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ ректори донишкада ба намояндагони васоити ахбор ҷиҳати иштирокашон дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.