Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолият-ҷавҳари ҳастии миллат” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ оғоз намуда, дар бораи арзишҳои миллӣ, имкониятҳои моддӣ ва меҳандӯстиву хештаншиносӣ сухан ронданд. Сипас, таъкид намуданд, ки дар устувории истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми кишвар саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари хирадманду ҷасоратмандамон кишвари азизамон имрӯз гул-гулшукуфон аст. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд, ки ин хидмати бузург ва қаҳрамонии бемисл аст ва дар зимн мо ин хидмати роҳбари муаззами кишварро ҳаргиз фаромӯш намесозем…
Ҳамзамон, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳои суханронӣ ҳозиринро ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба ҳам барору комёбиҳо таманно намуданд.
Ҳамчунин, дар конфронси имрӯза профессор Розиқов Зафар, муовини ректор оид ба таълим профессор Насриддинов Замониддин, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анварҷон ва дигарон суханронӣ намуданд.
Раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Далатмаҳмад низ суханронӣ намуда, дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар собиқадорони донишкада туҳфаҳои хотиравӣ эъто намуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро барои ширкат ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво сипосмандӣ намуда, ба ҳамагон рӯзи таҷлили бахту иқболи миллат -Истиқлолиятро хуҷа бод, гуфтанд.
Шуъбаи иттилоот