Конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун омили рушди босуръати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар саноат” бо ширкати олимон ва пажӯҳишгарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят баргузор гардид. Конфронсро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва сипас роҷеъ ба муҳимияти рушди саноати миллӣ сухан гуфт. Насриддинов З.З. ҳамзамон аз дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мо олимон бояд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҷидду ҷаҳдамонро барои омода сохтани мутахассисони варзидаи соҳа сафарбар намоем ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми хешро гузорем. Конфронси имрӯза барои ёфтани роҳҳалҳои иқтисодӣ ва ҳалли муаммоҳои мавҷудаи саноат мусоидат менамояд ва ман умед дорам, ки меҳмонони муҳтарам муҳимият ва зарурияти мавзӯъро дарк намуда, пешниҳодҳои хешро матраҳ месозанд. Ҳамчунин, профессор Насриддинов Замониддин таъкид намуд, ки фаъолияти инноватсионӣ ба рушди соҳа мусоидат мекунад, ки дар шароити кунунӣ истифода аз ҳама гуна имкониятҳои муосир бар нафъи кор аст..
Сипас, дар қисмати ифтитоҳӣ профессор Ризоқулов Тӯрақул аз Донишгоҳи ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон, доктор Ғозибеков А., профессор Азимов А. ва дигар олимони ҷавон маърӯза хонданд.
Бо ҳамин қисми ифтитоҳӣ анҷом ёфта, кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо кард.
Мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон ба шуъбаи иттилоот хабар дод, ки дар бахшҳо ҳамчунин олимон аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба тариқи онлайнӣ низ ширкат намуда, андешаҳои хешро баён намуданд. Вай ҳамчунин илова намуд, ки дар рӯзҳои наздик боз як семинари байналмиллалӣ дар бахши истифодаи технологияҳои муосир дар рушди саноат аз ҷониби кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ гузаронида мешавад, ки дар он аз донишгоҳҳои Аврупо ва Чин низ ширкат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси имрӯза бо ташаббуси кафедрадҳои иқтисодиёт ва идоракунӣ, фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва менеҷмент баргузор гардид.


Шуъбаи иттилоот