Дирӯз, таҳти унвони “Шабакаҳои барқӣ: эътимодият, бехатарӣ, энергосарфа ва ҷабҳаҳҳои иқтисодии он” конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бо ибтикори кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика баргузор гардид. Дар конфронси имрӯз ҳамчунин донишкадаву донишгоҳҳои ҳамкор аз Русия низ ба тариқи маҷозӣ ширкат намуда, масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуданд. Конфронсро муовини ректор оид ба илм,инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А ифтитоҳ намуда, паёми ректори донишкадаро низ ба самъи ҳозирин расонид.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар умум бо ҳамкорӣ ва ширкати олимон ба ҷуз аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боз Донишгоҳи давлатии барқи Қазон, Донишгоҳи давлатии Орлов ба номи И.С. Тургенев, Донишкдааи политехникии Хуҷанд баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои муҳими соҳа ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда шуд. Олимон пешниҳодҳо ва ҷиҳати саркушоӣ намудани муаммои соҳа ҳамзамон аз кори пажӯҳишии хеш низ ёдовар шуда, мисолҳо оварданд.
Дар интиҳо ба омӯзгорон ва меҳмонон ҷиҳати ширкат ва ҳамкориҳои илмӣ сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот