Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳолат ва дурнамои рушди саноати кӯҳию металлургии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии конфронс ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки рушди саноати кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим буда, дар ин самт бояд корҳои пажӯҳишии олимон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Сипас, меҳмонон академикаи академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Фаршед, профессори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев ва омӯзгори донишкада Мирбобоев Шӯҳрат дар мавзӯъҳои муҳими актуалӣ суханронӣ намуданд. Баъдан, кори конфронс дар қисматҳо идома пайдо намуд.