Конфронси байналмилалӣ: Муаммоҳои муосири илмҳои дақиқ дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кӯҳию металлургии кишвар

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва информатика конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои муосири илмҳои дақиқ дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кӯҳию металлургии кишвар” бо ширкати меҳмонон аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Русия ва донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Конфронсро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, сухани аввалро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни суханронии хеш оид ба муаммои муосири илмҳои дақиқ, мушкилоти мавҷуда, ҷараёни омода намудани мутахассисони соҳа, ҷалб намудани ҷавонон ба илмҳои дақиқ, имкониятҳо ва шароитҳои фароҳамовардашуда ба ҷавонон ва пажӯҳишҳгарон дар кишвар гуфта, меҳмононро барои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта даъват намуд.
Сипас, академик, доктори илмҳои иқтисодии Донишкадаи таҳқиқоти оморӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғуломов Саидаҳрор Саидаҳмадович ( Гулямов Саидахрор Саидахмедович) дар мавзӯи “Самаранокии технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Ӯзбекистон” баромад намуда, талаботи ҷаҳони муосирро ба технологияҳои рақамӣ тавзеҳ дод. Мавсуф қайд намуд, ки технологияи рақамӣ дар ҷаҳон хуш пазируфта шудааст ва натиҷаи таҳқиқотҳо низ самаровар мебошад, ки гузариш ба ин самт аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Ҳамчунин, дар қисмати пленарии конфронс Шермуҳаммадов Аббос Тоҳирович профессори кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи таҳқиқоти оморӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи ” Зеъни сунъӣ дар таҳсилот”, Маҳмадов Саидмуродхон дотсенти кафедраи сармоя ва андози Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Абдураҳим Хоҷибоев дар бораи иқтидори саноати истихроҷи маъдани Тоҷикистон”, Сиддиқов Неъматҷон дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзӯи ” Ҳолат ва рушди илм дар Тоҷикистон” , Ёқубов Фахрулло ассистенти кафедраи таъминоти барқи донишкада дар мавзӯи “Барномаҳои компютерӣ барои мутахассисони соҳаи таъминоти барқ” баромад намуда, роҷеъ ба масоили марбута ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳои қисмати пленарии конфронс ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда,  ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба якиқатор меҳмонону олимони варзида сертификатҳо тақдим намуд. Сипас, ӯ ҳозиринро ба бахшҳо кори конфронс даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи байналмилалии имрӯза аз панҷ бахш иборат мебошад ва олимон дар бахшҳои зерин ” Нақши фанҳои дақиқ дар раванди коркард ва истифодаи технологияҳои пешқадам барои саноат кӯҳию металлургии кишвар”, “Омодаи мақсадноки мутахассисони самти мошинсозӣ барои соҳаи саноати кӯҳӣ”, “Методикаи таълими фанҳои дақиқ барои баланд бардоштани сифати таълим дар омода намудани мутахассисони соҳаи кӯҳию металлургӣ”, ” Имкониятҳои истифодаи дастовардҳои технологияи пешқадами иттилоотию коммуникатсионӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаи кӯҳию металлургӣ”, ” Истифодаи усулҳои иқтисодӣ-математикӣ, оморӣ ва технологияҳои рақамӣ барои ҳалли муаммоҳои рушди саноат” маърӯза намуда, масъалаҳои муҳимро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки сарпарасти конференсияи мазкур Бонки Эсхата мебошад.