КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДКМТ: “ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ”

 Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти рақамӣ” бо ширкати олимону забоншиносон ва омӯзгорон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва муҳимияти он сухан ронда, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки насли ҷавон бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва дар ин самт дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ як қатор нақша-чорабиниҳо ба назар гирифта шудааст. Аз ин рӯ, мо низ омӯзиши забонҳои хориҷиро дар раванди таълим хеле муҳим ҳисобида, амалишавии онро амри зарурӣ медонем…
Баъдан, дар конфронс муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мирпочоев Далер дар мавзуи “Индустриализация в эпоху цифравой экономики вызовы возможности и стратегии развития”, Олимов Абдумалик профессори Домишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзуи ” Нақши омӯзиши забони русӣ дар омода намудани мутахассисони муҳандисӣ”, Атамова Саидахон- номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи ” Проблемы организации интерактивного обучения русскому языку в вузе”, Абдураҳимов Абдуғаффор – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Вопросы подготовки учетно- экономическых кадров и эпохи цифрового образования: вызовы и возможности”, Исмаилова Мутриба дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи ” Важность правильного использования техники чтения для изучения иностранных языков”, Хакимова Гулнора аз Академияи давлатии тибби ветеринарӣ ва биотехнологияи Москва ба номи К. И. Скрябин дар мавзуи “Явление метафоризации в немецкой ветеринарной терминологии” суханронӣ намуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки модератори қисмати ифтитоҳии ин конфронси байналмилалӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо буд.
Сипас, кори конфронс дар бахшҳо дар толорҳои алоҳида идома пайдо кард.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар ҳамҷоягӣ бо кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия гузаронида шуд.