Конфронси байналмилалӣ дар ДКМТ: “Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор”

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ -амалии байналмиллалӣ таҳти унвони “Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор” дар доираи Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028 ” баргузор гардид.

Дар қисмати пленарии конфронс, ки модератории онро муовинии аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин мебурд, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, профессори Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия Харша Ратнавира, профессори Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон Жекеев Малик Касимович, директори филиали муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд Садриддинов Манучеҳр, профессори донишкада Розиқов Зафар бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад намуданд.
Ҳамзамон дар қисмати ифтитоҳӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо маърӯзаи илмӣ суханронӣ намуд.
Конфронс дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он омӯзгорон аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва вилоят ширкат намуданд. Дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамзамон намояндагони ВАО- и вилоят ширкат варзиданд.
Конфронс дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳозирин бо як ҷаҳон маънӣ аз толоро бурун шуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар ҳамкории донишкада бо Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия, Донишгоҳи давлатии хемикӣ- технологии Украина ва Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон гузаронида шуд. 


Шуъбаи иттилоот