Конфронси илмӣ бахшида ба 100-солагии Рауф Баротов

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада бо ташаббуси кафедраи геология ва корҳои нафту газ бахшида ба 100-солагии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рауф Баротов конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди илмҳои геологӣ, табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ дар тақвият бахшидан ба пешрафти кишвар” баргузор гардид. Конфронсро нахуст мудири кафедра профессор Олимов Абдумалик ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолият ва саҳми пурарзиши Рауф Баротов сухан намуда, нақши мавсуфро дар рушди илмҳои геологӣ ва минерологӣ муассир арзёбӣ намуданд.
Сипас, меҳмонон доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Рауф Баротов сухан ронда, саҳми ӯро дар рушди илми тоҷик муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи геология ва корҳои нафту газ ягона кафедраи соҳавӣ дар миқёси кишвар буда, дар чандин корхонаҳои саноатӣ филиалҳои худро дорад, ки дар он мутахассисони варзида, ба шогирдон дарс мегузаранд.

 

Шуъбаи иттилоот