Конфренсия бахшида ба суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада конфронси илмӣ- назариявӣ вобаста ба Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, ҷанбаҳои омӯзишӣ ва татбиқ намудани суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷараёни таълиму тарбия муҳим ҳисобида, иброз дошт, ки аз рӯи ин бояд як барномаи мукаммал ҷиҳати расидан ба аҳдофи нек ва беҳтар намудани имкониятҳо дар самти таълиму тарбия сохта шавад. Чунки ин суханронӣ саропо баҳри беҳбудӣ ва беҳтар шудани шароити зисту зиндагонӣ, беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз , баҳра гирифтан аз ин суханони ҳикматомӯз саривақтӣ ва муҳим мебошад.
Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо оид ба ин масъала суханронӣ намуда, тарбия намудани мутахассисони варзида, равнақ додани ҷараёни лоиҳанависӣ ва ихтироъкорӣ, беҳтар намудани раванди таълим, суръат бахшидани корҳои илмиро муҳим дониста, изҳор дошт, барои анҷоми ин корҳо дар донишкада шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Сипас, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолидин суханронӣ намуда, омодасозии кадрҳои баландсоҳа дар соҳаи саноатро муҳим шуморида, сифатнок намудани корро дар раванди омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа тавсия дод. Ҳамчунин, содиқона ба халқу Ватан хидмат намуданро таъкид намуд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин илова намуд, ки вазъияти ҳассоси ҷаҳониро ба назар гирифта, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳед ва манофеи миллиро ҳамеша ҳимоя намоед. Мо, бояд ватандӯст бошему илм омӯзем ва содиқона хидмат намоем. Суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо як роҳнамо ва дастуре ҳаст, ки аз рӯи он фаъолиятамонро пеш мебарем.


Шуъбаи иттилоот