Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ дар мавзӯи “Омӯзишу истифодаи осори илмии донишмандон-риёзидонҳои асримиёнагии тоҷик талаботи замон ва омили муҳими рушди фанҳои риёзиву дақиқ” баргузор гардид.
Конфронси имрӯзаро нахуст ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз доштанд, ки эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлат нисбат ба илму маориф ва тақдири насли наврас бетараф нестанду пайваста талош мекунанд, то сокинони кишвар бомаърифат ва саводнок гардида, дар рушди кишвари азизамон саҳм гузоранд. Имрӯз, дигар фурсате расидааст, ки мо барои пешрафти илм ва тарбия намудани мутахассисони ҷавон бештар аз осори гузаштагон гулчин намоем ва дар мувофиқа бо воқеияти феълӣ аз он самаранок истифода намоем. Чунки, гузаштагони мо аз худ барои насли хеш мероси бузурге гузоштаанд, ки мо низ бояд ин қарзи худро иҷро намоем. Вазифаи ҳар як омӯзгор ва ҳамаи мову шумо ин тарбия намудани мутахассисони варзида ва баркамол мебошад, ки дар ин самт мову шумо масъул ва ҷавобгар ҳастем…
Ҳамчунин, дар конфренсияи имрӯза, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Насриддинов Замониддин дар мавзӯи “Абӯалӣ ибни Сино-асосгузори илми геология”, дотсенти ДДҲБСТ Зиёмиддинов Баҳодур дар мавзӯи “Мактаби бузурги математика” ва Боев Муродбек дар мавзӯи “Аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқ дар таҳсилоти муҳандисӣ” ва дигар омӯзгорони донишкада баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конфренсия аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва информатика роҳандозӣ шуда, дар доираи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид.
М. Сайидзода