КОНФРОНС: ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар доираи моҳвори ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар донишкада конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони ” Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Исмоилзода Хусравшох, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада Шаҳбоз Насриддинов ва олими ҷавон Раҳими Ҳаёт баромад намуданд.
Қайд карда шуд, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Феълан дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва тамоми имконот барои рушди фардии ҷавонон фароҳам аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, зери ҳимояи хеш қарор додаанд, ки ҳам ғамхории падарона маҳсуб меёбад ва ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо фаъолона илм омӯзанд, касб омӯзанд ва дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Дар интиҳои конфронс ҷавонон ба мудири кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.