Дирӯз, 25 октябр дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар конференсия ҳафт масъаларо баррасӣ карда, барои марҳилаи нав вазифа ва нақшаҳои минбаъдаи кумиҷроияро муайян карданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода ҳисоботи кумиҷроияро, ки фаъолияти 2,5-солаи ҳизбиёнро дар бар гирифт, ба маълумоти ҳозирин расонид.
ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон 3516 нафар аъзо дорад ва ин нерӯи бузург дар татбиқи барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ нақши бузург доранд. Аз шумораи умумии аъзо бештар аз 2000 нафарашон дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла, 5 нафар доктори илм ва 63 нафар номзадҳои илм мебошанд. Кумиҷроия дар фаъолияти тарғиботӣ ба ин нерӯи пешбар такя карда, дар давраи ҳисобот наздики 400 вохӯриву мулоқотҳоро ба роҳ мондааст.
Дар баробари фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ ҳизбиёни шаҳр созандагиву бунёдкориро дар партави дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вусъат бахшида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Корҳои хайру сахо аз ҷониби аъзову ҷонибдорони ҳизб густариш ёфта, дар ин давра ба маблағи зиёда аз 100 000 сомонӣ аёдату дастгирии ниёзмандон ба ҷо оварда шудааст.
Доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти кумиҷроия дар қисмати музокиравӣ вакилон Нодира Мирзозода, Мамнур Нурзода ва Давлат Давлатов суханронӣ карданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода аз фаъолияти кумиҷроияи шаҳр натиҷагирӣ карда, дар баробари зикри дастовардҳо аз камбудиҳое ёдовар гардид, ки ҳаллу фасли онҳо ба пешрафти кори ҳизбӣ ва боз ҳам баланд гардидани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Раиси кумиҷроияи вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи сиёсии интихобот дастурҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ баён шудаанд, расонид. Муборизаи ҳадафрас бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, пурзӯр намудани корбарӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвият додани фаъолияти тарғиботӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ, сафарбаркунии ҷомеа ба корҳои ободониву созандагӣ аз вазифаҳои муҳиме буданд, ки аз ҷониби Сатториён Матлубахон Амонзода ироа шуданд. Ҳамзамон, бо назардошти таҳдиди хатарҳои беруна тақвияти ҳифзи амнияти иттилоотӣ зарур шуморида, аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои муосири технологӣ домони корҳои тарғиботиро фарох гардонанд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар суханронияш аз нақши фаъоли ҳизбиёни шаҳр дар корҳои созандагӣ, тарғиби сиёсати давлату ҳукумат ва барномаҳои ҲХДТ, ки ба таъмини зиндагии шоистаи халқ мусоидат мекунанд, ёдовар шуд. Барои ҷоннок намудани фаъолият дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ Раиси шаҳр ба ҳизбиён маслиҳатҳо дод.
Дар конференсия ҳайатҳои нави кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ интихоб гардиданд. Кумитаи иҷроияи шаҳр рӯзномаи худро бо номи “Садоқат” таъсис дод, ки дар конференсия сармуҳаррири он Баҳманёр Гадоев интихоб карда шуд.
Конференсия бо қадршиносии фаъолон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, кумиҷроияи шаҳрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хотима ёфт.
Барои хизматҳои шоён ва татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ чанд нафар бо медали ҷашнии ҲХДТ ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.