Имрӯз, бо ширкати меҳмонон ва кормандон бахшида ба 75-солагӣ ва 53-солагии фаъолияти педагогии дотсент Қодиров Абдураҳмон конференсияи илмӣ-амалӣ дар донишкада баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шахсияти дотсент Қодиров Абдураҳмон ва хидматҳои ӯ дар соҳаи таълиму тарбия сухан ронда, хидматҳои ӯро дар соҳаи илму маориф ва рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беназир арзёбӣ намуд. Мавсуф, иброз дошт, ки устод Қодиров Абдураҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии донишкада талош намуд, то имиҷи ин муассиса дар сатҳи зарурӣ баланд бардошта шавад. Метавон гуфт, ки Қодиров Абдураҳмон яке аз асосгузорони донишкада мебошад ва дар рушди ин муассиса саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ӯ аз ҳуҷҷатгузорӣ шуруъ намуда, то таъсиси ниҳодҳо, кафедраву факултетҳо ва сохтори асосии донишкада саҳм гузоштаасту донишкадаро мукаммал намудааст ва дар ин самт шогирдони зиёдеро ҳам тарбия кардааст. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳои суханронияш Абдураҳмон Қодировро табрику таҳният гуфта, барои хидматҳои шоёнаш изҳори миннатдорӣ баён кард.
Сипас, дар конфронс декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолиддин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Қодиров Абдураҳмон сухан ронда, ӯро аз шоҳсунтҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номид. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Юсупова Манзурахон номаи табрикотии раиси ҳизбро ба самъи ҳозирин расонид. Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бӯстон Зоири Ғафур, профессори донишкада Розиқов Зафар, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатзода Давлат, мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа, омӯзгори ҳамин кафедра Эшов Зулфон ва дигар ҳамкорону шогирдону пайвандон суханронӣ намуда, Абдураҳмон Қодировро ба ин санаи нек табрику таҳният гуфтанд ва аз лаҳзаҳои нек ёдоварӣ карданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо ба соҳибҷашн устоди як қатор шогирдони муваффақ ва омӯзгори асил Қодиров Абдураҳмон аз ҳисоби раёсати донишкада табобати даҳрӯзаро кафолат дод.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика баргузор карда шуд.