Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои ташаккули металлургияи рақамӣ ва мошинсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида муносибати “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар истеҳсолот ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Имрӯз, барои ташаккули металлургияи рақамӣ дар саноат моро зарур аст, ки пажӯҳишҳои муштарак дар ин самт гузаронида шавад. Корхонаҳои истеҳсолӣ имрӯз метавонанд, ҷиҳати амалӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва рақамикунонии саноат ба мутахассисони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон умед бибанданд. Барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар моро зарур аст, ки аз фанновариҳои асри нав истифода намоем, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд…
Дар интиҳои суханронии хеш ректори донишкада ба кори конфронс ва бахшҳо барор хоста, таъкид доштанд, ки маводҳои кори конфронс ба мақомотҳои дахлдор ва муассисаҳои марбути соҳа фиристода шавад.
Ҳамзамон, дар конференсияи имрӯза олими ҷавон аз Донишкадаи политехникии ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Левандовский Б.И., муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, омӯзгори кафедраи металлургия Қодиров Абдурашид маърӯза хонданд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ба олимон ва меҳмонон ҷиҳати ширкат ба конференсия миннатдорӣ намуда, қисмати ифтитоҳиро хотима бахшиданд.
Шуъбаи иттилоот