Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми Раҳнамо” баргузор гардид

Имрӯз, дар толори бузурги Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми Раҳнамо” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ва ҳамчунин аз дастгоҳи марказии кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат намуданд. Конфронсро нахуст Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин чорабинӣ хайрамақлам гуфт. Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонов Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи таърихи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Абдулло, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар суханронӣ намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои сиёсати хориҷӣ, нақши Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди илму маориф ва дигар масоили вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, кори конфронси мазкур дар ду бахш дар самтҳои “Сиёсиву иҷтимоӣ” ва  “Саноат ва иқтисод” дар толори Шӯрои олимон ва конфронсзали донишкада идома пайдо намуд.

Дар интиҳо қисмати ҷамъбастӣ баргузор гардид, ки дар он Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, ба як қатор фаъолон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар номаи миннатдорӣ ва сипоснома тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва ДКМТ баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот