Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми Роҳнамо” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз дигар паёмҳо куллан тафовут дошта, дар ин ҳуҷҷути муҳим барои миллат ба саноатикунонии кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Ҳамзамон, ин санади муҳим моро бори дигар муваззаф мегардонад, ки бештар барои ободиву оромӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон саҳм гузорем. Ҳоло фурсате расидааст, ки мо ҷомеаи меҳнатии донишкада барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа ҷиддӣ талош намоем ва дар панҷсолаи рушди саноат, то 35-солагии истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузорем.
Сипас, сухан ба сардори раёсати таълим Осими Оқил дода шуд, ки ӯ дар мавзӯи “Паём дастур ба саноатикунонии мамлакат” маърӯза хонд. Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳӣ мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д. дар мавзӯи “Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар асри рушди илму техника”, муовини декани факултети электромеханика Ҳомидова М.И. дар мавзӯи “Истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ дар Паём” ва Бобоҷонова М.М. дар мавзӯи “Омӯзиши забони хориҷӣ -талаботи замон” маърӯза хонданд.
Зимни баргузории конфронс ҳамчунин муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо низ суханронӣ намуда, андешаҳои хешро роҷеъ ба санади муҳим Паём иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоот